Душанбею Пекин хостори омадурафти бештари заминию ҳавоӣ шуданд

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкДорожная сеть Амурской области
Дорожная сеть Амурской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Тоҷикистону Чин ният доранд, татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту роҳро таҳким бахшанду теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ин ду кишварро зиёд намоянд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Чин масъалаи тавсеаи долонҳои транзитӣ ва модернизатсияи гузаргоҳи Қулма-Қарасу баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин масъала дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби раиси Чин Хан Чжэн ба миён гузошта шуд.
Аз масъалаҳои меҳварии мулоқот, масъалаи татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт арзёбӣ гардид.
Оғози татбиқи марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоии байни кишварҳо аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд, омадааст дар иттилоия.
Эмомали Рахмон встретился с премьер-министром госсовета КНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Тоҷикистон аз Чин чӣ дархост кард?
Баррасии масъалаи парвозҳо дар ҳолест, ки ахиран хабар дода шуд, аз 18 май парвозҳо миёни шаҳри Сиани Чин ва Душанбе оғоз мегарданд.
Ба иттилои хабаргузории Синхуа, парвозҳоро ширкати China Southern Airlines анҷом дода, он дар масири Сиан - Урумчӣ - Душанбе ҳар рӯзи панҷшанбе амалӣ мегардад. Тавзеҳ дода шуд, ки ҳавопаймо аз Сиан соати 19:05 ба вақти Пекин парвоз карда, рӯзи ҷумъа соати 00:55 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.
Парвози баргашт, рӯзи шанбе соати 01:35 ба вақти Пекин сурат гирифта, ҳавопаймо бояд соати 12:30 дақиқа дар Сиан фуруд ояд.
Зимнан, муовини директори шӯъбаи Сиании ширкати ҳавопаймоии ҷанубии Чин, Ли Ҷиучуан гуфт, ки бештари мусофирон ҳоло бо сафари корӣ мераванд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда тлабот миёни сайёҳон хоҳад афзуд.
Лентаи хабарҳо
0