Саноати Тоҷикистон чиро бештар истихроҷ намудааст

Обуна шудан
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 тасмим гирифтааст, то соли 2026 ҳаҷми тавлидоти саноатиро ба маротиб афзоиш диҳад
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ 7,4 фоиз, саноати коркард 16,6 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 16,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа 8,7 фоиз ба амал омадааст.
Агенти хабар додааст, ки дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 ба маблағи 6933,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 7,4 фоиз зиёд шудааст.
Саноати Тоҷикистон дар таносуби минтақаҳо
Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 ҳудуди 26,5 миллиард сомониро ташкил дод.
Маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳо ва тамоку дар ҷои аввал мебошанд: 39,2% истеҳсолот ба онҳо рост меояд.
Дар ҷои дуюм металлургия, ки ҳиссаи он 23% ва саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 18,3%-ро ташкил медиҳад, дар ҷои сеюм қарор дорад.
Таъсиси технопарк дар ноҳияи Рашт
Маснуоти каучук ва пластмасса, инчунин дигар маҳсулоти маъданӣ 13%-и сохтори саноати истеҳсоли маҳсулотро ташкил медиҳанд.
Чӯбу тахта, масолеҳи чӯбию коғаз 1,6% ва дигар чизҳо 4,9%-ро ташкил медиханд.
Лентаи хабарҳо
0