Таъсиси технопарк дар ноҳияи Рашт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Обуна шудан
Дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон вобаста ба мавҷудияти манбаъҳои ашёи хом ва коркарди онҳо бунёди корхонаҳои гуногун дар назар аст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон лоиҳаи технопарк дар ноҳияи Рашт таҳия шудааст, ки вобаста ба мавҷудияти манбаъҳои ашёи хом ва коркарди онҳо бунёди корхонаҳои гуногун дар назар аст, иттилоъ додааст раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Вай афзуд, лоиҳаи технопарк ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои дастгирӣ пешниҳод мегардад.
Ба гуфтаи вай, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21, аз ҷумла дар соли 2023, таъсиси 5 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар назар аст.
Раиси ноҳия Рашт дар мусоҳиба таъкид кардааст, ки мақомоти барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ҷалби бештари мардум ва соҳибкорону сармоягузорон сохта, ба истифода супоридани 203 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Тағйирот дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 (бидуни соҳаи энергетика) ба 120% расида, тавлид 43 миллиард сомонӣ, ё 5, 7 миллиард сомонӣ (15,4%) бештар аз соли 2021 будааст. Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ пешгом аст.
Тибқи омори расмӣ фақат дар соли 2022 505 корхонаи нави саноатӣ (306 – 2022, 269 – 2020) дар кишвар эҷод шуда, 2 миллиард сомонӣ (муодили 200 миллион доллар) ё 5% аз ҳаҷми умумии тавлидоти саноатиро таъмин кардаанд. Теъдоди кормандони ин корхонаҳо 5475 нафарро ташкил додааст (соли 2021 – 4957, 2020 – 3718).
Ин афзойиш, зоҳиран, баёнгари рушди мафкураи истеҳсолӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон низ ҳаст.
Лентаи хабарҳо
0