Саноати Тоҷикистон дар таносуби минтақаҳо

Обуна шудан
Мақомоти саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рушди соҳаи саноат дар кишварро дар соли 2022 миёни кишварҳои ИДМ яке аз баландтаринҳо мегӯянд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 ба 43 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздики 6 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, рушди соҳаи саноати Тоҷикистон бе назардошти бахши энергетика ба андозаи 20% ва бо назардошти ин бахш беш аз 15% таъмин шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, баландтарин нишондиҳандаҳои тавлидоти саноатӣ ба шимоли кишвар рост омада, аз нисф зиёди колои саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.
Таъсиси 20 корхонаи нав дар се моҳ дар шаҳри Хуҷанд
Ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ наздики чоряк буда, ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ даҳяк рост меояд.
Беш аз 8%-и тавлидоти саноатӣ ба Душанбе ва 0,4% дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалӣ шудааст.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 61% ба саноати коркард, зиёда аз 20% ба саноати истихроҷ, наздики 18% ба таъминоти барқ, газ, буғ ва камтар аз 1% ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ ва коркарди партовҳо рост омадааст.
Лентаи хабарҳо
0