https://sputnik.tj/20230517/jiu-lisun-sokhtmon-roghun-mln-dollar-1057188641.html
Раҳмон дар Чин: Барои сохтмони "Роғун" 500 млн доллар ҷудо шуд
Раҳмон дар Чин: Барои сохтмони "Роғун" 500 млн доллар ҷудо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Пекин бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариши сармоягузориҳо ба кишварро баррасӣ намуд
2023-05-17T16:56+0500
2023-05-17T16:56+0500
2023-05-17T17:04+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
роғун
бонк
хусусӣ
захира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103071/11/1030711156_0:154:3009:1846_1920x0_80_0_0_caa3828d36c48649178ec2d69476786e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 500 млн доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, Ҷин Лисун баён шуд. Манбаъ таъкид намуд, ки маблағҳои мазкур имтиёзнок хоҳанд буд, ки ба татбиқи "Роғун" равона мегарданд. Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, изҳори итминон кард, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкориҳо такони нав хоҳанд бахшид."Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша карданд", - омадааст дар иттилоия. Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.Дар баробари ин маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро аз бахшҳои дигари ҳамкорӣ номида, ҳамзамон таъкид намудаст, ки дар Тоҷикистон барои амалисозии онҳо тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20230517/dushanbe-pekin-omaduraft-zamin-havo-1057173247.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103071/11/1030711156_170:0:2837:2000_1920x0_80_0_0_4b108b161c7a168760b0055cc0e9ec2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, нерӯгоҳ, роғун, млрд, доллар
сохтмон, нерӯгоҳ, роғун, млрд, доллар
Раҳмон дар Чин: Барои сохтмони "Роғун" 500 млн доллар ҷудо шуд
16:56 17.05.2023 (Навсозишуда: 17:04 17.05.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Пекин бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариши сармоягузориҳо ба кишварро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 500 млн доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, Ҷин Лисун баён шуд.
Манбаъ таъкид намуд, ки маблағҳои мазкур имтиёзнок хоҳанд буд, ки ба татбиқи "Роғун" равона мегарданд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, изҳори итминон кард, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкориҳо такони нав хоҳанд бахшид.
"Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша карданд", - омадааст дар иттилоия.
Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.
Дар баробари ин маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро аз бахшҳои дигари ҳамкорӣ номида, ҳамзамон таъкид намудаст, ки дар Тоҷикистон барои амалисозии онҳо тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.