Баргузории чорабинии мудофиявии ҳудудӣ бо ҳузури ҳазорҳо сокин дар Мастчоҳ

© Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПервые призывники в военном училище
Первые призывники в военном училище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд ба чорабинии дифоии ҳудудӣ сарбозону афсарон? инчунин сокиноне, ки дар рухсатии эҳтиётӣ қарор доранд даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Фитрати Ҳикмат, аз масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ бо ироаи ин иттилоъ замон ва макони баргузории ин чорабинии мудофиявиро шарҳ дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ қарор аст, чорабинӣ соати 6:00 и субҳи рӯзи 19 май дар варзишгоҳи марказии ноҳия шурӯъ шуда, то се соат идома хоҳад кард.
“Дар он ба ҳисоби сарбозону кормандони мақомоти низомӣ инчунин сокинон ҷинси марди аз 18 сола то 55 сола даъват карда мешаванд” - қайд намуд, мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Мақомоти комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳадафи баргузор кардани ин чорабиниро санҷиши омодабошии воситаҳои мудофиявӣ ва сайқал додани маҳорати ҳайати шахсӣ ва иштироккунандаҳо унвон мекунанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Раиси Хатлон аз шароити хуб дар артиш гуфту дастур дод, ки ҷавонони солим ҷалб шаванд
Бар пояи иттилоъи манбаъ дар ҳамоиши низомӣ мудофиявии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоби сарбозону афсарон 10 ҳазор сокиноне, ки дар рухсатии эҳтиётӣ қарордошта иштирок варзанд.
Дар рафти баргузории ҳамоиш, иштирокдорон ҳамроҳ бо ҳайати ширкатдори мақомоти низомӣ санҷиши дурусти амалиётҳои ҳарбии мудофиявӣ ҳудудиро меомӯзанд.
Лентаи хабарҳо
0