https://sputnik.tj/20230406/raisi-khatlon-artish-dastur-javonon-solim-jalb-1056256338.html
Раиси Хатлон аз шароити хуб дар артиш гуфту дастур дод, ки ҷавонони солим ҷалб шаванд
Раиси Хатлон аз шароити хуб дар артиш гуфту дастур дод, ки ҷавонони солим ҷалб шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Хатлон нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 34,6% иҷро кард. Ноҳияҳои пешқадам дар сафарбарсозӣ Вахш ва Данғара будааст, ки пурра анҷом додаанд
2023-04-06T18:20+0500
2023-04-06T18:20+0500
2023-04-06T18:20+0500
дар тоҷикистон
хатлон
хизматчиёни ҳарбӣ
давлаталӣ саид
артиш
вазорати дифоъи тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056256168_0:2:1943:1095_1920x0_80_0_0_11ba2e84e70670d2b53affceb1570cd8.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталь Саид дар як ҷамъомаде Қисми ҳарбии 07\017 вазорати дифоъ гуфт, ки то ба имрӯз нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сатҳи вилоят 34,6 фоиз иҷро гардида, дар рӯзи нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Вахш ва Данғара нақшаи сафарбарсозии ҷавононро пурра таъмин кардаанд.Вай дар ин ҷаласа таъкид кард, ки масъулин дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон бештар корбарӣ намоянд ва дониши сиёсии ҷавононро баланд бардоранд."Моҳияти сафарбарсозӣ ба хизмати ҳарбӣ, қарз ва фарз будани адои хизмат дар сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар дуруст фаҳмонида шавад",- гуфт ӯ.Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Хатлон роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъулу вобаста муаззаф кард, ки ба маъракаи сафарбарсозии ҷавонон диққати зарурӣ равона намуда, ба хизмати Ватан ҷавонони руҳану ҷисман солим сафарбар карда шаванд.Давлаталӣ Саид илова кард, масъалаи тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон натанҳо дар давраи даъвати баҳориву тирамоҳӣ, балки ба таври ҳамешагӣ таваҷҷуҳи махсус равона намоянд, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи дӯст доштани ватан, эҳсоси баланди хештаншиносӣ, муқаддас донистани арзишҳои миллӣ, сулҳ, истиқлолият ва ҳимояи сарҳадоти кишвар тарбия намоянд.Ҳамзамон раиси вилояти Суғд қайд кард, ки дар айни замон мушкилоти танқиси либоси низомӣ, маводи ғизоӣ, ки дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало ба мушоҳида мерасид пурра бартараф гашта, қисмҳои низомии мамлакат ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам аз нигоҳи техникӣ, лавозимоти ҳарбӣ пурра ҷиҳозонида шудаанд.“Танҳо лозим меояд, ки ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёбанд ва бо донишҳои ҳарбӣ сиёсӣ мусаллаҳ гарданд”,- гуфт раиси вилояти Хатлон.
https://sputnik.tj/20230404/vahdat-javon-ikhtiyoran-khizmati-askari-1056185014.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056256168_0:0:1899:1424_1920x0_80_0_0_1d96227894eeb3e0615647fa7ac05fa6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, хизмати аскарӣ, сафарбарсозӣ, ҷавонон, вахш, данғара, давлаталӣ саид
тоҷикистон, хатлон, хизмати аскарӣ, сафарбарсозӣ, ҷавонон, вахш, данғара, давлаталӣ саид
Раиси Хатлон аз шароити хуб дар артиш гуфту дастур дод, ки ҷавонони солим ҷалб шаванд
Вилояти Хатлон нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 34,6% иҷро кард. Ноҳияҳои пешқадам дар сафарбарсозӣ Вахш ва Данғара будааст, ки пурра анҷом додаанд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталь Саид дар як ҷамъомаде Қисми ҳарбии 07\017 вазорати дифоъ гуфт, ки то ба имрӯз нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сатҳи вилоят 34,6 фоиз иҷро гардида, дар рӯзи нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Вахш ва Данғара нақшаи сафарбарсозии ҷавононро пурра таъмин кардаанд.
Вай дар ин ҷаласа таъкид кард, ки масъулин дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон бештар корбарӣ намоянд ва дониши сиёсии ҷавононро баланд бардоранд.
"Моҳияти сафарбарсозӣ ба хизмати ҳарбӣ, қарз ва фарз будани адои хизмат дар сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар дуруст фаҳмонида шавад",- гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Хатлон роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъулу вобаста муаззаф кард, ки ба маъракаи сафарбарсозии ҷавонон диққати зарурӣ равона намуда, ба хизмати Ватан ҷавонони руҳану ҷисман солим сафарбар карда шаванд.
Давлаталӣ Саид илова кард, масъалаи тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон натанҳо дар давраи даъвати баҳориву тирамоҳӣ, балки ба таври ҳамешагӣ таваҷҷуҳи махсус равона намоянд, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи дӯст доштани ватан, эҳсоси баланди хештаншиносӣ, муқаддас донистани арзишҳои миллӣ, сулҳ, истиқлолият ва ҳимояи сарҳадоти кишвар тарбия намоянд.
Ҳамзамон раиси вилояти Суғд қайд кард, ки дар айни замон мушкилоти танқиси либоси низомӣ, маводи ғизоӣ, ки дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало ба мушоҳида мерасид пурра бартараф гашта, қисмҳои низомии мамлакат ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам аз нигоҳи техникӣ, лавозимоти ҳарбӣ пурра ҷиҳозонида шудаанд.
“Танҳо лозим меояд, ки ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёбанд ва бо донишҳои ҳарбӣ сиёсӣ мусаллаҳ гарданд”,- гуфт раиси вилояти Хатлон.