Эълони як моҳи роҳбандӣ дар Душанбе

Обуна шудан
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат" давоми як моҳи оянда муваққатан масдуд карда мешавад
Ба далели корҳои таъмирӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қисмате аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров, аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат" то 15 июни соли равон баста хоҳад буд, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Шаҳрдорӣ хабар додааст, ки қатъи роҳи мазкур бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Бобоҷон Ғафуров, аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат" сурат мегирад.
Мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Бобоҷон Ғафуров истифода баранд.
Дар Хатлон бо кумаки соҳибкорон 9 километр роҳ таъмир шуд
Чанде пеш мақомоти шаҳри Душанбе хабар дода буданд, ки барои ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти кишвар ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо ба маблағи 170 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Таъкид шуд, ки аз ҷумла дар 11 иншооти роҳсозии пойтахт бо дарозии қариб 24 кам 23,7 километр, 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,5 км ва дар 26 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ феълан идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0