https://sputnik.tj/20230514/viloyati-khatlon-kumaki-sohibkoron-roh-tamir-1057095197.html
Аз аввали сол дар вилояти Хатлон бо кумаки соҳибкорон 9 километри роҳ таъмир шуд
Аз аввали сол дар вилояти Хатлон бо кумаки соҳибкорон 9 километри роҳ таъмир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки бо ҳиссаи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар вилоят дар се моҳ корҳои назаррас анҷом дода шудааст
2023-05-14T11:21+0500
2023-05-14T11:21+0500
2023-05-14T11:21+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
таъмир
таъмири роҳ
роҳ
хатлон
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101525/53/1015255326_0:0:1574:885_1920x0_80_0_0_3b01ec78a0e1bc7c5002136b2cb4cdc6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар чаҳор моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон наздики 9 километр роҳи мошингард навсозӣ карда шудааст, иттилоъ додааст сомонаи pressa.tj.Ба иттилои манбаъ, бо саҳми соҳибкорон ҳамчунин беш аз 43 километр роҳ сангфарш шуда, 10 адад пул таъмир шудааст.Нусратулло Ҳақназаров, сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилояти Хатлон гуфт, ки бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳиссаи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар се моҳ корҳои назаррас анҷом дода шудааст.Вай гуфтааст, ки дар маҷмуъ саҳми соҳибкорон барои таъмири роҳҳои мошингард беш аз 6 миллиону 830 ҳазор сомонӣ аст.Ба таъкиди вай, саҳмгузории соҳибкорон нисбати солҳои гузашта бештар хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда буданд.Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.Ҳамзамон чанде пеш мақомоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар ноҳияи Кӯшониён бештар аз 178 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуданд, ки 60 дарсади онҳо ба таъмир ниёз доранд.Мақомот афзуд, ки дар баробари роҳ ҳамчунин 40 адад пулҳои мошингузар низ бояд таъмир шаванд. Ҷамъан дар ин ноҳия 80 пули мошингузар мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20230420/kilometr-roh-khatlon-tamir-shudand-1056585358.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101525/53/1015255326_0:0:1180:885_1920x0_80_0_0_e0cb5814d8f91704b8a5be50f08b6c1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, роҳ, таъмир, соҳибкорон, километр, мақомот
тоҷикистон, хатлон, роҳ, таъмир, соҳибкорон, километр, мақомот
Аз аввали сол дар вилояти Хатлон бо кумаки соҳибкорон 9 километри роҳ таъмир шуд
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки бо ҳиссаи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар вилоят дар се моҳ корҳои назаррас анҷом дода шудааст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар чаҳор моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон наздики 9 километр роҳи мошингард навсозӣ карда шудааст, иттилоъ додааст сомонаи pressa.tj.
Ба иттилои манбаъ, бо саҳми соҳибкорон ҳамчунин беш аз 43 километр роҳ сангфарш шуда, 10 адад пул таъмир шудааст.
Нусратулло Ҳақназаров, сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилояти Хатлон гуфт, ки бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳиссаи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар се моҳ корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Вай гуфтааст, ки дар маҷмуъ саҳми соҳибкорон барои таъмири роҳҳои мошингард беш аз 6 миллиону 830 ҳазор сомонӣ аст.
Ба таъкиди вай, саҳмгузории соҳибкорон нисбати солҳои гузашта бештар хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда буданд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.
Ҳамзамон чанде пеш мақомоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар ноҳияи Кӯшониён бештар аз 178 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуданд, ки 60 дарсади онҳо ба таъмир ниёз доранд.
Мақомот афзуд, ки дар баробари роҳ ҳамчунин 40 адад пулҳои мошингузар низ бояд таъмир шаванд. Ҷамъан дар ин ноҳия 80 пули мошингузар мавҷуд аст.