"Хирсҳои хашмгин": Чаро ҳамла ба чорвои мардум дар Лахш зиёд шудаст?

© AFP 2023 / Frederick FlorinДве черные медведицы играют во время своей первой прогулки в зоопарке Сент-Круа на Родосе, восточная Франция
Две черные медведицы играют во время своей первой прогулки в зоопарке Сент-Круа на Родосе, восточная Франция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Сокинони маҳаллӣ афзоиши ҳамлаи хирсҳо дар Лахшро ба шикорашон дар ноҳияи Чоналайи Қирғизистон рабт медиҳанд, ки дар натиҷа бархеяшон ба Тоҷикистон гурехтаанд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Даҳҳо сар чорвои хурду бузург дар шарқи Тоҷикистон туъмаи хирс шудаанд, ки аммо сокинон ҳаққи шикори онро надоранд, чун ҷарима ҳангуфт дар пай дорад.
Ҳамлаи хирсҳо ба молу мулк, мардуми бархе аз ҷамоатҳои ноҳияро ҷиддан нигарон кардааст. Суннатулло, як чӯпони сокини деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшон дар пайи ҳамлаи як хирс ва ду хирсбача беш аз 50 гӯсфанди худу ду шарикашро, ки дар манзилаш нигаҳдорӣ мешуданд, аз даст додааст.
“Хирс бо бачаҳояш вориди оғил шуда, аз як сар гӯсфандонро бо дандон газидаву бо дастонаш зада, куштааст. Хирсбачаҳояш аз ду тараф молро ҷамъ мекунанд ва модарашон онҳоро нобуд мекунад. Аксарияти кулли гӯсфандон ҳаром мурданд ва онҳоро бурда, партофтем”, - гуфт ӯ.
Рыбак на берегу Кайраккумского водохранилища, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Моҳигирӣ дар Тоҷикистон пурра мамнуъ шуд: Чаро ва то кай?
Як таҳқиқи сарсарии Sputnik Тоҷикистон нишон дод, ки чандин мавриди сабтношуда вуҷуд дорад ва вазъ нигаронкунанда аст. Дар асл сокинони чанд ҷамоати деҳоти ноҳияи Лахш амалан таҳти ҳамлаҳои мукаррари хирсҳо қарор гирифтаанд. Дар баробари бузу гӯсфанд хирсҳо чорвои калони мардумро низ нобуд кардаанд.
Бино ба маълумоти сокинон, хирсҳо ҳамвора киштзори мардумро ҳам вайрон карда, ҳамчунин гусолахонаҳо ва ҳайлоқҳоро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.
Ба қавли онҳо, бино ба иттифоқоти як моҳи ахир ва тарс аз ҳамалоти хирсҳо наметавонанд чорвои худро ба чаро баранд. Дар деҳаи Зарринрӯди Лахши боло ҳатто онҳое, ки аз дару девори оғилҳои худ дилпур нестанд, чорвояшонро ба хонаи онҳое мебаранд, ки оғилҳои амну беҳтар доранд.
Гузашта аз молу мулк, онҳо ҳатто ба одамон низ ҳамла мекунанд. Соли 2017 хирсҳо Тавалдӣ Каримов, як чӯпони мутаваллиди соли 1958 аз деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти Лахши Болоро ба ҳалокат расонда буданд.
Ду соли қабл хирсҳо ду кӯдакро дар деҳаи дигари ин ҷамоат Ҳазорчашма дошта, шатта мезананд, ки ба бахти онҳо, вақте фирор мекунанд, хирсҳо онҳоро таъқиб намекунанд.

Хирсҳои фирорӣ аз Ӯш?

Ба қавли сокинон, далели афзойиши хирсҳо дар ноҳияи Лахш қабл аз ҳама иҷоза пайдо кардани шикори онҳо дар ноҳияи Чоналайи вилояти Ӯши Қирғизистон аст, ки дар пайи он маҷбур мешаванд ба ноҳияи Лахши Тоҷикистон фирор кунанд.
Абдукарим Аҳмадов, райиси Парки миллӣ, ки ҳудуди 40%-и қаламрави кишвар ва умдатан кӯҳистони Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва Бадахшони Тоҷикистон дарбар мегирад, мегӯяд, дар куҳҳои Помир фақат як навъи хирс - хирси маллаи тиёншонӣ зиндагӣ мекунад.
Ин хирсҳо ба қад то 2 ва ҳангоми ҳаракат то як метр баландӣ дорад.
“Аксари онҳо ду сол баъд ду бача мекунанд, теъдоди каме аз онҳо як бача мекунад. Дар ҳоли ҳозир дар Парки миллӣ ҳудуди 70 хирс зиндагӣ мекунанд, аммо ба назар мерасад, теъдоди онҳо афзудааст ва як таҳқиқи ҷадид лозим аст, то дақиқ кунем, ки дар асл теъдоди онҳо чӣ қадар шудааст”, - гуфт Аҳмадов.
Ледники Памира. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Шерализода: Об шудани пиряхҳои Тоҷикистон бештар шудааст
Дар Тоҷикистон шикори хирси хокистарӣ ё хирси маллаи тиёншонӣ манъ аст, зеро он ба “Китоби сурх” ворид шудааст.
Тибқи қавонини Тоҷикистон, шикори ин хирс ҷаримаи ҳангуфтеро дар ҳадди 550 нишондиҳандаи барои ҳисобҳо дар пай дорад, ки агар дар соли 2022 ин рақам 68 сомонӣ бошад, ҷарима барои шикори ғайриқонунии хирси маллаи тиёншонӣ 37 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилоъи Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, соли 2020 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд як ҷангалбон ба маблағи 31 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима шуда буд, ки он замон нишондиҳандаи барои ҳисобҳо 58 сомонӣ буд.
Аз “Китоби Сурх” бигзарем, хатари хирсҳо ба ҷону моли мардуми мулкиро чӣ гуна метавон маҳор кард? Шикори хирс бо иҷозаи Кумитаи ҳифзи зисти Тоҷикистон ва пардохти маблағи муайян имконпазир аст. Коршиносон мегӯянд, хирсҳоро бояд аз тариқи қонунӣ нобуд кард ва ё тур дод, то ба молу мулки мардум ҳамла накунанд.
Лентаи хабарҳо
0