Шерализода: Об шудани пиряхҳои Тоҷикистон бештар шудааст

© Sputnik / РатушенкоЛедники Памира. Архивное фото
Ледники Памира. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Обуна шудан
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ки давоми чанд соли охир пиряхҳои кишвар ҳаҷман коҳиш дар ҳоли коҳишёбӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Мутаассифона, дар давоми чанд соли охир пиряхҳои Тоҷикистон ҳаҷман коҳиш ёфта истодаанд, гуфт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар Баҳодур Шерализода дар суҳбат бо рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Ба гуфтаи вай, натиҷаи пайомадҳои тағйирёбии иқлим, хусусан гармӣ, суръати обшавии пиряхҳои кишварро тезондааст.
“Масалан, дар ҳавзаи дарёи Зарафшон тибқи мушоҳидаҳои бисёрсола, об шудани пиряхҳо бештар ба мушоҳида мерасанд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки пиряхи Зарафшон дар масоҳати 38,7 километри мукааб ва дарозии 27,8 метри мураббаъ ҷойгир буда, ҳоло ба таназзулёбӣ дучор шудааст. Сарҳади забонаи пирях ба ҳисоби миёна 1700 метр қафо нишастааст ва масоҳати он ба андозаи 1,3 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст.
Ледник Федченко на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Нигаронии Раҳмон аз нестшавии пиряхҳо ва вазъи Федченко: Ӯ шариконро ба ҳамкорӣ хонд
Ҳамзамон Баҳодур Шерализода дар бораи пиряхи осебпазир ёдрас шуд.
“Тибқи мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Зарафшон, пиряхҳои Зарафшон бо назардошти мавқеи ҷойгиршавиашон дар давраи ҳисоби миёнаи бисёрсола аз ҳама пиряхҳои осебпазиртарин дониста мешаванд ва обшавии онҳо босуръат ҷараён дорад”, - афзуд раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0