https://sputnik.tj/20230513/somon-eyr-qasd-dorad-havopaymo-chin-kharid-1057091845.html
Ширкати "Сомон Эйр" қасд дорад, ҳавопаймоҳои чиниро харидорӣ кунад
Ширкати "Сомон Эйр" қасд дорад, ҳавопаймоҳои чиниро харидорӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Инҳо ҳавопаймоҳои хурди бисёрмақсадноки Y-12E буда, барои 18-20 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд ва метавонанд ҳамлу нақли бор ва мусофиронро анҷом диҳанд
2023-05-13T17:28+0500
2023-05-13T17:28+0500
2023-05-13T17:28+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
"сомон эйр"
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102303/78/1023037858_0:379:3934:2592_1920x0_80_0_0_530d49771ebe5855492bcc92313b418f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раҳбарияти ширкатҳои тоҷикиву чинӣ имкони имзои қарордоди хариди ҳавопаймоҳоро баррасӣ карданд.Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмим гирифтааст, аз ширкати чинии AVIC INTL ҳавопаймои Y-12E харидорӣ намояд. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати тоҷикистонӣ хабар додааст.Ҷонибҳо имконоти имконпазир ва роҳҳои маблағгузории муомилоти харидро баррасӣ карданд. Ширкатҳо тасмим гирифтанд, ки таҳлили мутобиқати хусусиятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии ин лоиҳаро идома диҳанд. Қарор аст, ки музокирот ба зудӣ идома ёбад.Ҳавопаймоҳои Y-12 як ҳавопаймои сабуки чандмақсаднок мебошад, ки аз ҷониби корпоратсияиҳавонавардии саноатии Чин (AVIC) истеҳсол шудааст. Ҳавопаймои Y-12 барои 18-20 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бор ва мусофиркашониро иҷро мекунад.AVIC International Holding Corporation як ширкати бузурги тиҷоратии чинӣ аст, ки асосан дар соҳаи авиатсия тахассус дорад. Он як қисми Корпоратсияи давлатии саноати ҳавопаймоии Чин мебошад. Қаблан ширкати "Сомон Эйр" аз тасмими харидории ҳавопаймои хурди тавлиди Чехия - Let L-410 Turbolet хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20230228/maqomot-tojikiston-parvoz-samt-khorugh-1055212617.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102303/78/1023037858_0:10:3934:2961_1920x0_80_0_0_8fb188315b8a48f0b25e3a63ddcfe55c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"сомон эйр" ҳавопаймо чин
"сомон эйр" ҳавопаймо чин
Ширкати "Сомон Эйр" қасд дорад, ҳавопаймоҳои чиниро харидорӣ кунад
Инҳо ҳавопаймоҳои хурди бисёрмақсадноки Y-12E буда, барои 18-20 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд ва метавонанд ҳамлу нақли бор ва мусофиронро анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раҳбарияти ширкатҳои тоҷикиву чинӣ имкони имзои қарордоди хариди ҳавопаймоҳоро баррасӣ карданд.
Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмим гирифтааст, аз ширкати чинии AVIC INTL ҳавопаймои Y-12E харидорӣ намояд. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати тоҷикистонӣ хабар додааст.
Ҷонибҳо имконоти имконпазир ва роҳҳои маблағгузории муомилоти харидро баррасӣ карданд. Ширкатҳо тасмим гирифтанд, ки таҳлили мутобиқати хусусиятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии ин лоиҳаро идома диҳанд. Қарор аст, ки музокирот ба зудӣ идома ёбад.
Ҳавопаймоҳои Y-12 як ҳавопаймои сабуки чандмақсаднок мебошад, ки аз ҷониби корпоратсияиҳавонавардии саноатии Чин (AVIC) истеҳсол шудааст.
Ҳавопаймои Y-12 барои 18-20 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бор ва мусофиркашониро иҷро мекунад.
AVIC International Holding Corporation як ширкати бузурги тиҷоратии чинӣ аст, ки асосан дар соҳаи авиатсия тахассус дорад. Он як қисми Корпоратсияи давлатии саноати ҳавопаймоии Чин мебошад.
Қаблан ширкати "Сомон Эйр" аз тасмими харидории ҳавопаймои хурди тавлиди Чехия - Let L-410 Turbolet хабар дода буд.