https://sputnik.tj/20230513/rahimov-sobiq-qahramon-jahon-quvva-mesanjad-1057090264.html
Раҳимов собиқ қаҳрамони ҷаҳонро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт
Раҳимов собиқ қаҳрамони ҷаҳонро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони тоҷик се ҳарифи худро ноком кард ва инак ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Аз миёни ҷудокорони тоҷик ӯ танҳо то ба ин давр расид
2023-05-13T16:48+0500
2023-05-13T16:48+0500
2023-05-13T16:49+0500
дар тоҷикистон
темур раҳимов
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047323542_0:60:785:502_1920x0_80_0_0_b6e9354cd5ddbb57e7314bcc54a63cc6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Темур Раҳимов собиқ қаҳрамони ҷаҳон Кокоро Кагуераи ҷопониро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ҳамвор кард.Ӯ ягона аз миёни ҷудокорони тоҷик аст, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ то даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ҳарифи ӯ дар даври ниманиҳоӣ ҷудокори фаронсавӣ Тедди Риннер аст.Дар даври қаблӣ ҳарифи ӯ ҷудокор аз АМА буд, ки як партофти Темурро бо сар дифоъ кард ва пас аз ин иштибоҳ довар ӯро аз майдон хориҷ намуд.Ҳарифи ҷопонии ӯ бошад, соли 2021 дар Маҷористон нишони тиллоӣ Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шуд, вале имсол аз дасти паҳлавони тоҷик шикаст хӯрд.Маврид ба зикр аст, ки Темур дар даври аввал озод буд ва рақобатҳоро аз даври дуюм оғоз кард. Нахуст ҳарифи ӯ ҷудокор аз Гвинея буд ва дар ин қувваозмоӣ Темур тавонист, бо усули "осаикоми" рақибашро мағлуб кунад.Ёдовар мешавем, ки Темур аз миёни ҷудокорони тоҷик дар давоми 7-рӯзи мусобиқа аввалин шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
https://sputnik.tj/20230513/rahimov-harif-shikast-davr-duum-roh-yoft-1057089093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047323542_0:0:785:589_1920x0_80_0_0_33407e625d7a9deb5ee0b3bd5914ca55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
темур раҳимов ҷудо
Раҳимов собиқ қаҳрамони ҷаҳонро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт
16:48 13.05.2023 (Навсозишуда: 16:49 13.05.2023) Паҳлавони тоҷик се ҳарифи худро ноком кард ва инак ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Аз миёни ҷудокорони тоҷик ӯ танҳо то ба ин давр расид
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Темур Раҳимов собиқ қаҳрамони ҷаҳон Кокоро Кагуераи ҷопониро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ҳамвор кард.
Ӯ ягона аз миёни ҷудокорони тоҷик аст, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ то даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ҳарифи ӯ дар даври ниманиҳоӣ ҷудокори фаронсавӣ Тедди Риннер аст.
Дар даври қаблӣ ҳарифи ӯ ҷудокор аз АМА буд, ки як партофти Темурро бо сар дифоъ кард ва пас аз ин иштибоҳ довар ӯро аз майдон хориҷ намуд.
Ҳарифи ҷопонии ӯ бошад, соли 2021 дар Маҷористон нишони тиллоӣ Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шуд, вале имсол аз дасти паҳлавони тоҷик шикаст хӯрд.
Маврид ба зикр аст, ки Темур дар даври аввал озод буд ва рақобатҳоро аз даври дуюм оғоз кард. Нахуст ҳарифи ӯ ҷудокор аз Гвинея буд ва дар ин қувваозмоӣ Темур тавонист, бо усули "осаикоми" рақибашро мағлуб кунад.
Ёдовар мешавем, ки Темур аз миёни ҷудокорони тоҷик дар давоми 7-рӯзи мусобиқа аввалин шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.