Раҳимов ҳарифашро шикаст дод ва ба даври сеюм роҳ ёфт

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2023
Обуна шудан
Ҳарифи навбатии ӯ дар даври сеюм ҷудокор аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Муҳаммадумар Муҳаммадумаров хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Темур Раҳимов, ки охирин намояндаи Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо мебошад, тавонист ҳарифи аввалашро шикаст диҳад.
Бар хабари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Раҳимов дар даври аввал озод буда, муҳорибаи ӯ аз даври дуюм оғоз ёфт.
Ҳарифи ӯ аз Гвинея, Мустафо Фофано буд, ки аз дасти ҷудокори тоҷик бо усули "осаикоми" шикаст хӯрд.
ва ҷудокори Имрӯз дар рӯзи охири сабқатҳои инфиродии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Доҳаи Қатар рақобатҳо зери вазнҳои +78 кг миёни бонувон ва +100 кг миёни мардон ҷараён доранд.
Таджикские дзюдоисты на турнире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Рӯзи чоруми чемпионати ҷаҳон барои ҷудокорони тоҷик бенишон анҷом ёфт
Ҳамакнун, дар даври сеюм Темур бо Муҳаммадумар Муҳаммадумаров аз Аморати Муттаҳидаи Араб қувваозмоӣ мекунад. Муҳаммадумар дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм муқобили собиқ қаҳрамони ҷаҳон Ким Минйонги ботаҷриба, ба таври ҳангомавӣ пирӯзӣ ба даст овард.
Дар ин мусобиқа то ҳол ягон ҷудокори тоҷик натиҷаи хуб нишон надод.
Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо аз 7 то 13 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор идома меёбад. Тибқи низомнома дар ин мусобиқа ҷудокороне ширкат мекунанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0