Вазири умури дохилии Туркия ИМА-ро дар талоши мудохила ба интихобот муттаҳам кард

© AFP 2023 / ADEM ALTANМинистр внутренних дел Турции Сулейман Сойлу
Министр внутренних дел Турции Сулейман Сойлу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Туркия мегӯяд, сабаби дахолати матбуоти Ғарб ба интихобот ин ба амал баровардани нақшаи ИМА мебошад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия гуфт, ҳадаф аз тақаллуби матбуоти ғарбӣ дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар Туркия амалӣ кардани нақшаи ИМА аст.
Қаблан вазир ИМА-ро дар талош барои таъсиси давлати террористӣ дар наздикии марзҳои Туркия муттаҳам карда буд.
Пас аз ҳамлаи террористӣ дар Истамбули соли гузашта ӯ гуфт, Анқара таслияти Вашингтонро қабул намекунад.
Ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо ҷавонон ӯ изҳор дошт, ки Амрико "обрӯяшро аз даст медиҳад", тамоми ҷаҳон ба ин кишвар "нафрат дорад".
"Нақшаи Амрико фаъолона пурзур мешавад. Сабаби дахолати матбуоти Ғарб ба амал баровардани нақшаи ИМА мебошад", - изҳрор дошт ӯ ба рӯзномаи Yeni Akit.
Ба гуфтаи вазир, Ғарб пас аз соли 1960 вориди низоми сиёсии Туркия шуд, аммо раисиҷумҳури феълӣ Тайиб Эрдуғон тавонист кишварро аз он раҳо кунад.
Интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар Туркия рӯзи 14 май таъин шудааст.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган в ходе предвыборной кампании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Эрдуғон пирӯз мешавад ё номзади мухолифин? Эълони натиҷаи пажуҳиши пешазинтихоботӣ
Рақиби аслии раисиҷумҳури феълӣ Таййиб Эрдуғон - номзади ягона аз "Иттиҳоди ҷумҳурихоҳон" - номзади ягонаи мухолиф аз "Иттиҳоди мардумӣ" Камол Киличдароғлу аст.
Дар интихобот раиси ҳизби Memleket Муҳаррем Инҷ ва номзади эътилофи Ata Синан Оган низ ширкат доранд.
Агар ягон номзад 50 дарсади ороро ба даст наорад, он гоҳ даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0