https://sputnik.tj/20230513/bunyodi-gulgashti-gulnazar-keldi-nohiyai-ayni-1057084577.html
Бунёди гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
Бунёди гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ба номи шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ як гулгаште сохта мешавад
2023-05-13T10:01+0500
2023-05-13T10:01+0500
2023-05-13T10:01+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
бунёд
гулгашт
гулназар келдӣ
суғд
айнӣ
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057084075_0:240:1280:960_1920x0_80_0_0_3ea7155c9370bbb11972de31e036b4ff.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран ба корҳои сохтмонии гулгашт санги асос гузошта, аз хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдоварӣ кард.Ёдовар мешавем, ки шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 13 августи соли 2020 аз олам чашм пӯшид.Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст.Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз намуда, баъдан дар маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Пайванд", ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", рӯзномаи "Ваҳдат" ба ҳайси мудири шуъба ва сармуҳаррир кор кардааст. Мавсуф солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буд."Фасли оғоз", "Оинаи ташна", "Туву хубиву раъноӣ", "Сафина", "Шоиру шеъре агар ҳаст…", "Оғӯши саршор", "Аз барои Гулизор", "Девори сабз", "Дарёи кӯча", "Борони бесаранҷом", "Се кулчаи танӯрӣ" номгӯи маҷмӯаҳои шеърии Гулназар маҳсуб меёбанд.Шоир барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи "Се кулчаи танӯрӣ" сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.
https://sputnik.tj/20221003/khujand-kucha-nomi-hamro-tohirova-guzoshta-1051846275.html
суғд
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057084075_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_72ab3df2e396b625038ad326b88c07ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарҳанг, гулназар келдӣ, гулгашт, бунёд, суғд, айнӣ, раҷаббой аҳмадзода
тоҷикистон, фарҳанг, гулназар келдӣ, гулгашт, бунёд, суғд, айнӣ, раҷаббой аҳмадзода
Бунёди гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ба номи шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ як гулгаште сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран ба корҳои сохтмонии гулгашт санги асос гузошта, аз хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдоварӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 13 августи соли 2020 аз олам чашм пӯшид.
Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст.
Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз намуда, баъдан дар маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Пайванд", ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", рӯзномаи "Ваҳдат" ба ҳайси мудири шуъба ва сармуҳаррир кор кардааст. Мавсуф солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буд.
"Фасли оғоз", "Оинаи ташна", "Туву хубиву раъноӣ", "Сафина", "Шоиру шеъре агар ҳаст…", "Оғӯши саршор", "Аз барои Гулизор", "Девори сабз", "Дарёи кӯча", "Борони бесаранҷом", "Се кулчаи танӯрӣ" номгӯи маҷмӯаҳои шеърии Гулназар маҳсуб меёбанд.
Шоир барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи "Се кулчаи танӯрӣ" сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.