https://sputnik.tj/20230502/erdughon-nomzad-mukholifin-pazhuhish-peshazintikhoboti-1056817618.html
Эрдуғон пирӯз мешавад ё номзади мухолифин? Эълони натиҷаи пажуҳиши пешазинтихоботӣ
Эрдуғон пирӯз мешавад ё номзади мухолифин? Эълони натиҷаи пажуҳиши пешазинтихоботӣ
Sputnik Тоҷикистон
Назарпурсиҳо дар мавриди барандаи маъракаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълиро пешгӯӣ мекунанд
2023-05-02T13:09+0500
2023-05-02T13:09+0500
2023-05-02T13:11+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
интихобот
президентӣ
раҷаб тайиб эрдуғон
мухолиф
назарсанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056751685_0:106:3072:1834_1920x0_80_0_0_56bf33fbe5ee9cb6befc547958fc43e8.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Эҳтимолияти интихоб шудани президенти Туркия дар даври аввали интихоботи қарибулвуқуъ камтар аз 50% аст, менависад нашрияи туркии Hürriyet. Ба иттилои расонаҳои туркӣ, натиҷаи назарпурсиҳо дар мавриди барандаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълиро пешгӯӣ мекунанду қисми дигар пирӯзияшро. Ба иттилои Optimar, Эрдуғон дар даври аввал беш аз 48%, номзади мухолифин Камол Қиличдароғлу беш 44% овоз мегиранд.Бино ба гузориши AKSOY Research's Turkey Monitor, баръакс, Қиличдароғлу пешсафи интихобот хоҳад шуд. Ин пажуҳишгоҳ маълум кардааст, ки зиёда аз 47% ба тарафдории номзади мухолифин камтар аз 42% ба ҷонибдории президенти феълӣ раъй хоҳанд дод. Қиличдароғлу рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Туркия ба шумор меравад. Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд.Мавриди ба зикр аст, ки ахиран мулоқоти сафири ИМА дар Туркия, Ҷефри Флейк бо номзади мухолифин Камол Киличдаруғлу боиси норозигии шадиди Анкара шуда буд. Ин иқдоми дипломати амрикоӣ Эрдуғонро ба хашм овард ва гуфт, ки сафири ИМА "бояд ҷои худро бидонад".
https://sputnik.tj/20230427/vaz-salomati-erdughon-posukh-dastgoh-prezident-turkiya-1056731285.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056751685_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2fa3b39b8ddaef2fa7f9d0f3362d921a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҷаб тайиб эрдуғон, президент, туркия, интихобот
раҷаб тайиб эрдуғон, президент, туркия, интихобот
Эрдуғон пирӯз мешавад ё номзади мухолифин? Эълони натиҷаи пажуҳиши пешазинтихоботӣ
13:09 02.05.2023 (Навсозишуда: 13:11 02.05.2023) Назарпурсиҳо дар мавриди барандаи маъракаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълиро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Эҳтимолияти интихоб шудани президенти Туркия дар даври аввали интихоботи қарибулвуқуъ камтар аз 50% аст, менависад нашрияи туркии Hürriyet.
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, натиҷаи назарпурсиҳо дар мавриди барандаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълиро пешгӯӣ мекунанду қисми дигар пирӯзияшро.
Ба иттилои Optimar, Эрдуғон дар даври аввал беш аз 48%, номзади мухолифин Камол Қиличдароғлу беш 44% овоз мегиранд.
Бино ба гузориши AKSOY Research's Turkey Monitor, баръакс, Қиличдароғлу пешсафи интихобот хоҳад шуд. Ин пажуҳишгоҳ маълум кардааст, ки зиёда аз 47% ба тарафдории номзади мухолифин камтар аз 42% ба ҷонибдории президенти феълӣ раъй хоҳанд дод.
Қиличдароғлу рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Туркия ба шумор меравад. Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд.
Мавриди ба зикр аст, ки ахиран мулоқоти сафири ИМА дар Туркия, Ҷефри Флейк бо номзади мухолифин Камол Киличдаруғлу боиси норозигии шадиди Анкара шуда буд.
Ин иқдоми дипломати амрикоӣ Эрдуғонро ба хашм овард ва гуфт, ки сафири ИМА "бояд ҷои худро бидонад".