Оғози сохтмони мактаби нав барои туркмантаборҳо дар Тоҷикистон

© Sputnik / Сергей ЕщенкоУчебный класс, архивное фото
Учебный класс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Президентҳои Тоҷикистону Туркманистон ба сохтмони мактабе оғоз бахшиданд, ки интизор меравад дар ду баст беш аз 1 ҳазор хонандаро бо таҳсил фаро гирад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои туркманаш, Сардор Бердимуҳаммадов дар маросими оғоз бахшидан ба бунёди мактаби нав дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии "Эргаш Султонов"-и ноҳияи Дӯстӣ бунёд мегардад.
"Дар маҳалли бунёди мактаб бо 1080 ҷойи нишаст дар ду баст аҳли маориф ва фаъолони ноҳия ҷамъ омаданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид карда шуд, ки нахуст собиқадорони соҳаи маориф як нафарӣ аз ҳар ду ҷониб бунёди мактабро нишони дӯстии абадӣ миёни кишварҳои дӯст ва бародар арзёбӣ карданд.
Сипас аз сарони давлатҳо, ки дар Қасри Миллат қарор доштанд, барои оғоз бахшидан ба корҳои бунёди мактаб хоҳиш карданд.
Мулоқоти Раҳмон ва Бурдимуҳаммадов дар Қасри миллат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Бердимуҳаммадов Раҳмонро ба Туркманистон даъват кард
Президентҳои Тоҷикистону Туркманистон бо суханҳои "Иҷозат дода мешавад, ба Шумо муваффақият ва барори кор мехоҳем" ба корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд, омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки созиш барои сохтмони мактаби мазкур, ки интизор меравад, бо забони туркманӣ фаъолоият кунад, қаблан ҳосил гардида, дар назар аст, аз ҷониби Туркманистон бунёд шавад.
Дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор туркман иқомат доранд, ки бештар дар навоҳии Дӯстӣ, Балхӣ, Қубодиён ва Шаҳритӯс зиндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0