https://sputnik.tj/20230510/berdimuhammadov-rahmon-turkmaniston-davat-1057012623.html
Бердимуҳаммадов Раҳмонро ба Туркманистон даъват кард
Бердимуҳаммадов Раҳмонро ба Туркманистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қасри миллат пас аз анҷоми маромиси расмии пазироии кишвардори Туркманистон мулоқоти сарони ду давлат оғоз ёфт 10.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-10T13:31+0500
2023-05-10T13:31+0500
2023-05-10T13:45+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
эмомалӣ раҳмон
сардор бердимуҳаммадов
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057012293_0:50:800:499_1920x0_80_0_0_7fc77912facb2b17395805b8986e61af.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба Туркманистон даъват кард.Видео, ки котиботи роҳбари давлат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуд, Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба таклифи Бердимуҳаммадов сипос гуфт.Мулоқоти сарони ду давлат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.Котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот нахуст роҳбари давлат, Бердимуҳаммадови хурдиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи оливу баланд ва нақши калидии онҳоро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид кард.Президент ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки сафари давлатии кишвардори Туркманистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав мебахшад.Зимнан, Сардор Бердимуҳаммадов барои истиқболи самимӣ ба ҳамтои тоҷики худ изҳори миннатдорӣ намуда, саломи падараш - Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд.Зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардид.Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоти сарони ду давлат якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.
https://sputnik.tj/20230510/istiqbol-rahmon-berdimuhammadov-qasri-millat-1057006482.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057012293_18:0:729:533_1920x0_80_0_0_149665c486e636667e02dd0336c7f144.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бурдимуҳаммадов раҳмон
Бердимуҳаммадов Раҳмонро ба Туркманистон даъват кард
13:31 10.05.2023 (Навсозишуда: 13:45 10.05.2023) Дар Қасри миллат пас аз анҷоми маромиси расмии пазироии кишвардори Туркманистон мулоқоти сарони ду давлат оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба Туркманистон даъват кард.
Видео, ки котиботи роҳбари давлат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуд, Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба таклифи Бердимуҳаммадов сипос гуфт.
Мулоқоти сарони ду давлат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.
Котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот нахуст роҳбари давлат, Бердимуҳаммадови хурдиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи оливу баланд ва нақши калидии онҳоро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид кард.
Президент ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки сафари давлатии кишвардори Туркманистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав мебахшад.
Зимнан, Сардор Бердимуҳаммадов барои истиқболи самимӣ ба ҳамтои тоҷики худ изҳори миннатдорӣ намуда, саломи падараш - Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд.
Зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардид.
Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоти сарони ду давлат якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.