https://sputnik.tj/20230509/tojik-rus-qirghiz-volodin-ghalaba-hama-muttahid-1056975968.html
Аз тоҷик то русу қирғиз: Володин гуфт, Ғалаба ҳамаи моро муттаҳид мекунад
Аз тоҷик то русу қирғиз: Володин гуфт, Ғалаба ҳамаи моро муттаҳид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия хотиррасон кард, ки иди Ғалаба муқаддас буда, ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравиро муттаҳид мекунад
2023-05-09T11:00+0500
2023-05-09T11:00+0500
2023-05-09T11:08+0500
вячеслав володин
думаи давлатӣ
сиёсат
русия
дар русия
ҷбв
тоҷик
ӯзбекон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, ки ба чӣ баҳое Ғалаба бар Олмони нозиро ба даст овардем, изҳор дошт раиси Думаи давлати Русия. Вай дар паёми шодбошияш ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ изҳор дошт, ки ин рӯз ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад. "Рӯзи Ғалаба ҳамаи моро - русҳо, белорус, украиниҳо, қирғизҳо, арманҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо ва дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад, ки китф ба китф ҷаҳонро аз фашизм ҳифз кардаанд", - навиш Володин. Вай зарур хонд, ки хотироту ҳақиқати ҶБВ барои наслҳои оянда бояд ҳифз кард шавад. Бар асоси оморҳои нашргардида, Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба ҷабҳа фиристод, ки қариб 100 ҳазори онҳо барнагаштанд. Барои корнамоиҳо дар ҷабҳаҳои ҶБВ 54 нафар тоҷикистонӣ бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта, пашм, либоси гарм ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд.Ҷумҳурӣ инчунин ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ маблағҳои бузургро интиқол дода, сокинони он даҳҳо ҳазор кӯчондашудаҳо аз минтақаҳои марказию ғарбии Иттиҳоди Шӯравиро дар хонаҳои худ ҷой доданд.
https://sputnik.tj/20230509/subhonai-ghayrirasmi-tamosho-minbar-rahmon-maskav-1056976238.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғалаба, ид, ҷашн, ҷбв, пирӯзӣ, муттаҳид, иттиҳоди шӯравӣ
ғалаба, ид, ҷашн, ҷбв, пирӯзӣ, муттаҳид, иттиҳоди шӯравӣ
Аз тоҷик то русу қирғиз: Володин гуфт, Ғалаба ҳамаи моро муттаҳид мекунад
11:00 09.05.2023 (Навсозишуда: 11:08 09.05.2023) Раиси Думаи давлатии Русия хотиррасон кард, ки иди Ғалаба муқаддас буда, ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравиро муттаҳид мекунад
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, ки ба чӣ баҳое Ғалаба бар Олмони нозиро ба даст овардем, изҳор дошт раиси Думаи давлати Русия.
Вай дар паёми шодбошияш ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ изҳор дошт, ки ин рӯз ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад.
"Рӯзи Ғалаба ҳамаи моро - русҳо, белорус, украиниҳо, қирғизҳо, арманҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо ва дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад, ки китф ба китф ҷаҳонро аз фашизм ҳифз кардаанд", - навиш Володин.
Вай зарур хонд, ки хотироту ҳақиқати ҶБВ барои наслҳои оянда бояд ҳифз кард шавад.
Бар асоси оморҳои нашргардида, Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба ҷабҳа фиристод, ки қариб 100 ҳазори онҳо барнагаштанд.
Барои корнамоиҳо дар ҷабҳаҳои ҶБВ 54 нафар тоҷикистонӣ бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта, пашм, либоси гарм ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд.
Ҷумҳурӣ инчунин ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ маблағҳои бузургро интиқол дода, сокинони он даҳҳо ҳазор кӯчондашудаҳо аз минтақаҳои марказию ғарбии Иттиҳоди Шӯравиро дар хонаҳои худ ҷой доданд.