https://sputnik.tj/20230509/subhonai-ghayrirasmi-tamosho-minbar-rahmon-maskav-1056976238.html
Аз субҳонаи ғайрирасмӣ то тамошо аз минбар: Раҳмон дар Маскав чӣ кор мекунад?
Аз субҳонаи ғайрирасмӣ то тамошо аз минбар: Раҳмон дар Маскав чӣ кор мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари матбуоти Кремлин бархе тафсилоти барномаи сафари роҳбарони кишварҳои собиқ шӯравиро дар рӯзи 78-умин солгарди Ғалаба дар Маскав эълон кард
2023-05-09T10:20+0500
2023-05-09T10:20+0500
2023-05-09T11:43+0500
дар русия
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
ҷбв
иттиҳоди шӯравӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103146/85/1031468599_0:0:2864:1611_1920x0_80_0_0_fe0ebb9663c4ebed3ad859335f67bb8d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Қариб тамоми роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гузашти ҳарбиро дар Майдони Сурх тамошо хоҳанд кард. Дар баробари ин субҳонаи ғайрирасмии роҳбарон ба нақша гирифта шудааст, изҳор дошт сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков тариқи телевизиони "Россия 1".Ба иттилои манбаъ, дар баробари президенти кишвари мизбон, Владимир Путин гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро аз минбар дар Майдони Сурх қариб ҳамаи роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ назорат хоҳанд кард. Гузашти ҳарбӣ пеш аз зуҳр ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки Владимир Путин зимни он суханронӣ мекунад. Бар асоси барнома, дар назар аст, ки роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар Маскав ба оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбарҳо мегузоранд.Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар Маскав президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Беларус Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доранд. Маврид ба зикр аст, ки соли равон 78-умин солгарди ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил карда мешавад. Саҳми тоҷикистониён дар баробари халқҳои дигари собиқ шӯравӣ, чӣ дар хатти ҷанг алайҳи нозиён ва чӣ дар ақибгоҳ барои дастгирии сарбозон бузург арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20230508/rahmon-tojikiston-jonibdori-sulhu-oromi-halli-nizo-diplomat-1056973530.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103146/85/1031468599_9:0:2740:2048_1920x0_80_0_0_e4773df4bce484732436c991e32e6892.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бархе, тафсилот, сафар, эмомалӣ раҳмон, маскав
бархе, тафсилот, сафар, эмомалӣ раҳмон, маскав
Аз субҳонаи ғайрирасмӣ то тамошо аз минбар: Раҳмон дар Маскав чӣ кор мекунад?
10:20 09.05.2023 (Навсозишуда: 11:43 09.05.2023) Дафтари матбуоти Кремлин бархе тафсилоти барномаи роҳбарони кишварҳои собиқ шӯравиро дар рӯзи 78-умин солгарди Ғалаба дар Маскав эълон кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Қариб тамоми роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гузашти ҳарбиро дар Майдони Сурх тамошо хоҳанд кард.
Дар баробари ин субҳонаи ғайрирасмии роҳбарон ба нақша гирифта шудааст, изҳор дошт сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков тариқи телевизиони "Россия 1".
Ба иттилои манбаъ, дар баробари президенти кишвари мизбон, Владимир Путин гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро аз минбар дар Майдони Сурх қариб ҳамаи роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ назорат хоҳанд кард.
Гузашти ҳарбӣ пеш аз зуҳр ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки Владимир Путин зимни он суханронӣ мекунад.
Бар асоси барнома, дар назар аст, ки роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар Маскав ба оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбарҳо мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар Маскав президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Беларус Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон 78-умин солгарди ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил карда мешавад.
Саҳми тоҷикистониён дар баробари халқҳои дигари собиқ шӯравӣ, чӣ дар хатти ҷанг алайҳи нозиён ва чӣ дар ақибгоҳ барои дастгирии сарбозон бузург арзёбӣ мешавад.