Ёде аз шаҳидони ҶБВ: Гулчамбаргузории мақомдорон ва таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Суғд – видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Дар шаҳри Хуҷанд иди Ғалабаро таҷлил карданд. Садҳо нафар сокинон дар майдони Панҷшанбеи шаҳр ҷамъ омада, аз иштирокдорони ҶБВ қадрдонӣ карданд
Таҷлили рӯзи Ғалаба аз Суғд аз гулчанбаргузорӣ дар наздди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги ватанӣ дар мавзеъи Панҷшанбеи Хуҷанд оғоз гардид.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки барои инъикоси таҷлили иди Ғалаба дар ба мавзеъи ҷашнӣ рафтааст, мегуяд, баробари садҳо нафар намояндагони аҳли зиё, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва насли наврас дар маросими таҷлили солгарди Ғалаба раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов иштирок карда, кӯҳансарбозонро шодбош гуфтанд.
Тафсилоти қаҳрамонии нахустин ҳавонаварди низомии тоҷик баъди даҳсолаҳо маълум шуд - видео
Шавкат Алиев, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки соли ҷорӣ чанд куҳансарбоз ва собиқадорони ҶБВ аз кӯмакҳои молии ҳукумат бархурдор шуданд.
“Дар ҳудуди вилояти Суғд 11 нафар куҳансарбоз ва 92 коргари ақибгоҳ, ки барои ба даст овардани пирӯзӣ бар ҶБВ ҳиссаи арзишманд гузоштанд, дар қайди ҳаёт мебошанд, ки ҳодӣ ва дуогӯйанд. Ҳар яки онҳо аз ҷониби Президент ва раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷамъ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шудаанд” - гуфт, Алиев.
Дар мавриди бо ғамхорӣ ва кумаки молию тиббӣ фаро гирифта шудани собиқадорони ҷангу меҳнат зикр гардид, ки соли равон ҳукумати вилояти Суғд барои қадршиносии 11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва ба 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд. Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
Сарнавишти Исмоилов: ҳаёт ва марги қаҳрамононаи аввалин халабони ҳарбии тоҷик
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудаст.
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0