https://sputnik.tj/20230507/nakhustin-havonavard-nizomii-tojik-video-1056956552.html
Тафсилоти қаҳрамонии нахустин ҳавонаварди низомии тоҷик баъди даҳсолаҳо маълум шуд - видео
Тафсилоти қаҳрамонии нахустин ҳавонаварди низомии тоҷик баъди даҳсолаҳо маълум шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Шоҳини тоҷик, аз нахустин халабонҳои низомии шӯравӣ буд, ки алайҳи ҳамлаи нозиёни олмонӣ ба ҳаво хесту қаҳрамонона ҷонашро фидо намуд
2023-05-07T17:15+0500
2023-05-07T17:15+0500
2023-05-07T17:15+0500
видео
амният ва мудофиа
ҷбв
ҳавонавардӣ
низомӣ
қаҳрамонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/06/1056939043_0:207:2560:1647_1920x0_80_0_0_a1726102aeaf4fcffeeb7c39b974495a.jpg
Дар Тоҷикистон корнамоии абадзиндаи аввалин лётчики ҳарбии тоҷик лейтенант Абдураҳмон Исмоилов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадр карда шуд. Бар асоси корнамоиҳои Исмоилов, ӯ бо баҳои ҷони худ сокинони деҳе дар Белорусро аз оташи фашистон муҳофизат намуда, дар рӯзҳои аввали ҳамлаи Олмони нозӣ дар ҳавопаймои сӯзон ҳалок гардид.Шуҷоату қаҳрамонӣ ва ҷузъиёти марги ин ҷанговари тоҷик баъди даҳсолаҳо ба шарофати ҷустуҷӯи хешу табораш ошкор гардид.Ба ифтихори ин ҳодиса дар зодгоҳи деҳаи Мусаффои ҷамоати Унҷи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пас аз пайдо шудани маҳалли дақиқи суқути ҳавопаймои низомӣ дар наздикии шаҳри Борисовои Белорус лавҳаи ёдгории нахустин халабони ҳарбии тоҷик гузошта шуд.Ҳаёт ва марги қаҳрамононаи аввалин халабони ҳарбии тоҷикБа хабарнигори Sputnik Точикистон муяссар гардид, ки таърихи кофтукоби тӯлонӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми қаҳрамонро пайдо намояд. Ин маълумот дар остонаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба туфайли кӯшиши гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-тафтишотии "Авиапоиск-Борисов" дастраси омма гардид.Абдураҳмон Ортиқович Исмоилов 9 ноябри соли 1917 дар ҶШС Тоҷикистон дар қишлоқи Оқариқи ноҳияи Ленинобод таваллуд шудааст. Лейтенант Исмоилов дар 3 июли соли 1941 дар шаҳрги Борисов ҳангоми иҷрои супориши ҷангӣ ҳалок шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/06/1056939043_58:0:2333:1706_1920x0_80_0_0_e26b75ffad274b058d8405ac7b8661fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаҳрамонӣ, ҳавонавард, тоҷик, шӯравӣ, исмоилов
қаҳрамонӣ, ҳавонавард, тоҷик, шӯравӣ, исмоилов
Тафсилоти қаҳрамонии нахустин ҳавонаварди низомии тоҷик баъди даҳсолаҳо маълум шуд - видео
Шоҳини тоҷик, аз нахустин халабонҳои низомии шӯравӣ буд, ки алайҳи ҳамлаи нозиёни олмонӣ ба ҳаво хесту қаҳрамонона ҷонашро фидо намуд
Дар Тоҷикистон корнамоии абадзиндаи аввалин лётчики ҳарбии тоҷик лейтенант Абдураҳмон Исмоилов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадр карда шуд.
Бар асоси корнамоиҳои Исмоилов, ӯ бо баҳои ҷони худ сокинони деҳе дар Белорусро аз оташи фашистон муҳофизат намуда, дар рӯзҳои аввали ҳамлаи Олмони нозӣ дар ҳавопаймои сӯзон ҳалок гардид.
Шуҷоату қаҳрамонӣ ва ҷузъиёти марги ин ҷанговари тоҷик баъди даҳсолаҳо ба шарофати ҷустуҷӯи хешу табораш ошкор гардид.
Ба ифтихори ин ҳодиса дар зодгоҳи деҳаи Мусаффои ҷамоати Унҷи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пас аз пайдо шудани маҳалли дақиқи суқути ҳавопаймои низомӣ дар наздикии шаҳри Борисовои Белорус лавҳаи ёдгории нахустин халабони ҳарбии тоҷик гузошта шуд.
Ба хабарнигори Sputnik Точикистон муяссар гардид, ки таърихи кофтукоби тӯлонӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми қаҳрамонро пайдо намояд. Ин маълумот дар остонаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба туфайли кӯшиши гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-тафтишотии "Авиапоиск-Борисов" дастраси омма гардид.
Абдураҳмон Ортиқович Исмоилов 9 ноябри соли 1917 дар ҶШС Тоҷикистон дар қишлоқи Оқариқи ноҳияи Ленинобод таваллуд шудааст. Лейтенант Исмоилов дар 3 июли соли 1941 дар шаҳрги Борисов ҳангоми иҷрои супориши ҷангӣ ҳалок шудааст.