https://sputnik.tj/20230505/hinduston-vazironi-khorija-shsh-chiro-barrasi-kardand-1056926648.html
Дар Ҳиндустон вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ чиро баррасӣ карданд?
Дар Ҳиндустон вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ чиро баррасӣ карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои 4-5 майи соли равон дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатхои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд
2023-05-05T18:59+0500
2023-05-05T18:59+0500
2023-05-05T18:59+0500
дар тоҷикистон
сҳш
сиёсат
ҳиндустон
баррасӣ
масъала
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056925960_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_b271f79dccd8a119d88149c6e115dc82.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатхои аъзои СҲШ ширкат кард.Ба иттилои вазорати хориҷаи Русия, дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори амиқ анҷом доданд.Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он 4-5 июли соли 2023 дар Деҳлии Нав дар назар аст, зоҳир гардид.Тоҷикистон чӣ пешниод кард?Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар ин ҷаласа қайд кард, ки СҲШ бояд минбаъд низ рисолати асосии худ – рушди ҳамкориҳо дар асоси баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳои узв, эҳтироми мутақобила, нафъи мутақобила ва риояи қатъии иттифоқи ороро самаранок иҷро намояд.Вазири корҳои хориҷӣ барои густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи иқтисодӣ дар доираи СҲШ даъват ба амал овард.Дар робита ба ин зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид оид ба татбиқи ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таъкид гардид.Амният ва таҳдиди маводи мухаддирДар ин ҷаласа ба иттилои манбаъ ба амнияти минтақавӣ ва таҳдиди маводи мухаддир аҳамияти хос дода шуд.Дар заминаи баррасии мушкилоти амнияти минтақавӣ ва таҳдиди маводи мухаддир вазири хориҷаи Тоҷикистон пешрафтиро дар ҳамоҳангсозии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи таъсиси як ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи СҲШ – Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе қайд намуда, ҳамчунин аҳаммияти ривоч додани ташаббуси барпо намудани "қамари бехатарӣ" атрофи Афгонистонро қайд намуд.Дар ҳамин ҳол, Субраманям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд зимни ифтитоҳи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои СҲШ изҳор дошт, ки Созмони Ҳамкории Шонгҳой вазъияти Афғонистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва бояд ба мардуми ин кишвар кумак расонад."Вазъияте, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, мавриди таваҷҷуҳи мо боқӣ мемонад. Кӯшишҳои мо бояд ба беҳбудии мардуми Афғонистон равона карда шаванд", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи дипломат, ироаи кумакҳои башардӯстона, мусоидат ба ташаккули ҳукумати воқеан фарогир ва намояндагӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳифзи ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллиятҳои СҲШ аз авлавиятҳои СҲШ мебошанд."Мо мутмаинам, ки терроризмро сафед кардан ғайриимкон аст, ба он бояд дар ҳама шаклу зуҳурот, аз ҷумла терроризми фаромарзӣ ҷилавгирӣ кард. Мубориза бо терроризм яке аз роҳҳои аслии СҲШ аст", - таъкид кард ӯ.Узвияти кишварҳои ҷадид ба СҲШВазири корҳои хориҷӣ изҳори умедворӣ кард, ки узвияти комилҳуқуқи Эрон дар СҲШ имконоти навро барои афзоиши зарфияти ин Созмон боз мекунад.Буҳрони УкраинаДар ин нишаст вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ ширкат дошт. Вазирон як қатор гуфтушунидҳои дуҷонибаро дар назар доранд.Дар доираи ин Ҷаласа вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар дидор бо вазири хориҷаи Чин Тсин Ганг, ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украинаро баррасӣ кард.Ҳамчунин вазирон масъалаи рушди равобити Маскав ва Пекинро низ баррасӣ карда, дар бораи кори Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) табодули назар карданд.Аз натиҷаи ҷаласа 14 қарор қабул шуда, тафоҳумномаҳо дар бораи додани мақоми шарики муколамаи СҲШ ба Малдив, Мянма, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Давлати Кувайт ба имзо расиданд.Киҳо узви СҲШ ҳастанд?Дар ҳоли ҳозир 9 кишвар узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон. Се кишвари дигар дар мақоми нозир: Афғонистон, Беларус, Муғулистон.Илова бар ин, 6 кишвар шарикони муколама мебошанд: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка.
https://sputnik.tj/20230505/siposi-dabiri-kullii-shsh-tojikiston-1056924257.html
https://sputnik.tj/20230505/vaziri-khorija-hind-afghoniston-tavajjuhi-shsh-1056905720.html
https://sputnik.tj/20230504/lavrov-chin-halli-sulhomezi-buhron-ukraina-1056894102.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056925960_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_66afb719dd99fbb92ba3ccc8a15f7ded.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳш, ҳиндустон, вазирони хориҷа, баррасӣ, сиёсат
тоҷикистон, сҳш, ҳиндустон, вазирони хориҷа, баррасӣ, сиёсат
Дар Ҳиндустон вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ чиро баррасӣ карданд?
Рӯзҳои 4-5 майи соли равон дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатхои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатхои аъзои СҲШ ширкат кард.
Ба иттилои вазорати хориҷаи Русия, дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори амиқ анҷом доданд.
Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он 4-5 июли соли 2023 дар Деҳлии Нав дар назар аст, зоҳир гардид.
Тоҷикистон чӣ пешниод кард?
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар ин ҷаласа қайд кард, ки СҲШ бояд минбаъд низ рисолати асосии худ – рушди ҳамкориҳо дар асоси баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳои узв, эҳтироми мутақобила, нафъи мутақобила ва риояи қатъии иттифоқи ороро самаранок иҷро намояд.
Вазири корҳои хориҷӣ барои густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи иқтисодӣ дар доираи СҲШ даъват ба амал овард.
Дар робита ба ин зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид оид ба татбиқи ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таъкид гардид.
Амният ва таҳдиди маводи мухаддир
Дар ин ҷаласа ба иттилои манбаъ ба амнияти минтақавӣ ва таҳдиди маводи мухаддир аҳамияти хос дода шуд.
Дар заминаи баррасии мушкилоти амнияти минтақавӣ ва таҳдиди маводи мухаддир вазири хориҷаи Тоҷикистон пешрафтиро дар ҳамоҳангсозии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи таъсиси як ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи СҲШ – Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе қайд намуда, ҳамчунин аҳаммияти ривоч додани ташаббуси барпо намудани "қамари бехатарӣ" атрофи Афгонистонро қайд намуд.
Дар ҳамин ҳол, Субраманям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд зимни ифтитоҳи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои СҲШ изҳор дошт, ки Созмони Ҳамкории Шонгҳой вазъияти Афғонистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва бояд ба мардуми ин кишвар кумак расонад.
"Вазъияте, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, мавриди таваҷҷуҳи мо боқӣ мемонад. Кӯшишҳои мо бояд ба беҳбудии мардуми Афғонистон равона карда шаванд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, ироаи кумакҳои башардӯстона, мусоидат ба ташаккули ҳукумати воқеан фарогир ва намояндагӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳифзи ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллиятҳои СҲШ аз авлавиятҳои СҲШ мебошанд.
"Мо мутмаинам, ки терроризмро сафед кардан ғайриимкон аст, ба он бояд дар ҳама шаклу зуҳурот, аз ҷумла терроризми фаромарзӣ ҷилавгирӣ кард. Мубориза бо терроризм яке аз роҳҳои аслии СҲШ аст", - таъкид кард ӯ.
Узвияти кишварҳои ҷадид ба СҲШ
Вазири корҳои хориҷӣ изҳори умедворӣ кард, ки узвияти комилҳуқуқи Эрон дар СҲШ имконоти навро барои афзоиши зарфияти ин Созмон боз мекунад.
Дар ин нишаст вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ ширкат дошт. Вазирон як қатор гуфтушунидҳои дуҷонибаро дар назар доранд.
Дар доираи ин Ҷаласа вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар дидор бо вазири хориҷаи Чин Тсин Ганг, ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украинаро баррасӣ кард.
Ҳамчунин вазирон масъалаи рушди равобити Маскав ва Пекинро низ баррасӣ карда, дар бораи кори Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) табодули назар карданд.
Аз натиҷаи ҷаласа 14 қарор қабул шуда, тафоҳумномаҳо дар бораи додани мақоми шарики муколамаи СҲШ ба Малдив, Мянма, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Давлати Кувайт ба имзо расиданд.
Дар ҳоли ҳозир 9 кишвар узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон. Се кишвари дигар дар мақоми нозир: Афғонистон, Беларус, Муғулистон.
Илова бар ин, 6 кишвар шарикони муколама мебошанд: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка.