Вазири хориҷаи Ҳинд: Вазъи Афғонистон то ҳол мавриди таваҷҷуҳи СҲШ аст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Индии С. Джайшанкар
Глава МИД Индии С. Джайшанкар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Обуна шудан
Вазири умури кишвари раҳбарикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай ахиран дар як нишасте самтҳои асосии ин Созмонро эълон кард
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Созмони Ҳамкории Шонгҳой вазъияти Афғонистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва бояд ба мардуми ин кишвар кумак расонад.
Дар ин бора Субраманям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд зимни ифтитоҳи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои СҲШ дар Гоа изҳор дошт.
"Вазъияте, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, мавриди таваҷҷуҳи мо боқӣ мемонад. Кӯшишҳои мо бояд ба беҳбудии мардуми Афғонистон равона карда шаванд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, ироаи кумакҳои башардӯстона, мусоидат ба ташаккули ҳукумати воқеан фарогир ва намояндагӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳифзи ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллиятҳои СҲШ аз авлавиятҳои СҲШ мебошанд.
Оқои Ҷайшанкар ҳамчунин дар бораи мушкилоти терроризм, ки таҳдиди он коҳиш наёфтааст, таъкид кард.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Лавров бо ҳамтои чиниаш ҳалли сулҳомези буҳрон дар Украинаро баррасӣ кард
"Мо мутмаинам, ки терроризмро сафед кардан ғайриимкон аст, ба он бояд дар ҳама шаклу зуҳурот, аз ҷумла терроризми фаромарзӣ ҷилавгирӣ кард. Мубориза бо терроризм яке аз роҳҳои аслии СҲШ аст", - таъкид кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 4-5 май дар шаҳри Панаҷӣ Ҳиндустон, ки феълан ин кишвар раёсати ин созмонро бар ӯҳда дорад, ҷараён дорад.
Тоҷикистонро дар ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи кишвар намояндагӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0