Лавров бо ҳамтои чиниаш ҳалли сулҳомези буҳрон дар Украинаро баррасӣ кард

© Sputnik / Светлана Шевченко / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел России Сергей Лавров
Министр иностранных дел России Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия дар доираи Шӯрои вазирони хориҷаи СҲШ бо ҳамтои чиниаш масаъалаи ҳалли буҳрони Украинаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар дидор бо вазири хориҷаи Чин Тсин Ганг, ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украинаро баррасӣ кард.
Ҳамчунин вазирон масъалаи рушди равобити Маскав ва Пекинро низ баррасӣ карда, дар бораи кори Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) табодули назар карданд, иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Русия.
Мулоқоти вазирон дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Ҳиндустон баргузор шуд.
"Вазирон ба рушди муносибатҳои Русияву Чин дар пасманзари шиддати ноустувории геополитикӣ баҳои баланд доданд. Вазирони хориҷии ду кишвар ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти Вазирон аз талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои узв барои ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи АвруОсиё истиқбол намуда, нуфузи афзояндаи ин созмон дар умури ҷаҳонӣ ва аҳамияти калидии онро дар сохтори амнияти минтақавӣ арзёбӣ карданд", - хабар додааст манбаъ.
Сироджиддин Мухриддин принял участие в заседании Совета министров иностранных дел СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти сарони СҲШ дар Гоа суханронӣ мекунад
Илова бар ин, вазорати хориҷаи Русия афзуд, вазирон иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни музокироти сарони давлатҳо дар моҳи мартро баррасӣ кардаанд.
"Нияти тарафайн барои афзоиши ҳамоҳангсозии мутақобила дар СММ, СҲШ, БРИКС, РИК, G20 ва дигар созмонҳои калидии байналмилалӣ ва механизмҳои муколама тасдиқ карда шуд. Як қатор мавзуъҳои дигар, аз ҷумла талошҳо барои ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украина, баррасӣ шуданд", - оТаъкид кардааст ВУХ-и Русия.
Лентаи хабарҳо
0