https://sputnik.tj/20230504/rahmon-toqaev-tojikiston-davat-kard-1056888923.html
Раҳмон Тоқаевро ба Тоҷикистон даъват кард
Раҳмон Тоқаевро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки Қазоқистон, ки дар сохтори умумии савдои хориҷии ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол мекунад, яке аз шарикони муҳими Душанбе мебошад
2023-05-04T19:25+0500
2023-05-04T19:25+0500
2023-05-04T20:07+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
даъват
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856201_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_58676e519b7a735bd578dfb36d3cbf0d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистонро ба Тоҷикистон даъват кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст."Даъватро бо камоли эҳтиром кабул карда шуд, — хабар дод манбаъ.Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки эъломияи қабулшуда дар бораи ҳамкориҳои шарикӣ ба стратегия дуҷониба "хусусияти ҳамкориҳои шарикӣ" медиҳад."Ман итминон дорам, ки сифати нави муносибатҳои мо омили рушди минбаъдаи пайвастаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо хоҳад шуд", - афзуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.Номбурда зикр кард, ки Қазоқистон, ки дар сохтори умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад, аз шарикони муҳими Душанбе маҳсуб мешавад.Ҳамин тариқ, дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ бахшҳои зерин ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян карда шуданд:Илова бар ин, ҷонибҳо атрофи вазъи Афғонистон табодули афкор намуда, чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақаро баррасӣ карданд."Дар ин замина мо ба таҳкими бештари ҳамоҳангии ниҳодҳои қудратӣ, хадамоти вижа ва дигар сохторҳои дахлдорро таъкид кардем", - афзуд Раҳмон.Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки натиҷаи музокирот ҳамкориҳои дуҷонибаро дар тамоми самтҳои зикршуда боз ҳам амиқтар хоҳад кард.Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 май дар Қазоқистон як сафари давлатӣ анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20230504/tojikistonu-qazoqiston-munosibathoi-bardori-barqaror-1056881206.html
https://sputnik.tj/20230504/rahmon-qazoqiston-shariki-boetimodi-strategii-tojikiston-1056878386.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856201_194:0:2926:2048_1920x0_80_0_0_8eae9362dba550b1eec3a29835778ef8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тоқаев, сохтор, сохтори умуми, савдо, душанбе, даъват, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тоқаев, сохтор, сохтори умуми, савдо, душанбе, даъват, ҳамкорӣ, равобит
Раҳмон Тоқаевро ба Тоҷикистон даъват кард
19:25 04.05.2023 (Навсозишуда: 20:07 04.05.2023) Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки Қазоқистон, ки дар сохтори умумии савдои хориҷии ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол мекунад, яке аз шарикони муҳими Душанбе мебошад
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистонро ба Тоҷикистон даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
"Даъватро бо камоли эҳтиром кабул карда шуд, — хабар дод манбаъ.
Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки эъломияи қабулшуда дар бораи ҳамкориҳои шарикӣ ба стратегия дуҷониба "хусусияти ҳамкориҳои шарикӣ" медиҳад.
"Ман итминон дорам, ки сифати нави муносибатҳои мо омили рушди минбаъдаи пайвастаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо хоҳад шуд", - афзуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Номбурда зикр кард, ки Қазоқистон, ки дар сохтори умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад, аз шарикони муҳими Душанбе маҳсуб мешавад.
Ҳамин тариқ, дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ бахшҳои зерин ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян карда шуданд:
саноати сабук ва хурокворӣ;
Илова бар ин, ҷонибҳо атрофи вазъи Афғонистон табодули афкор намуда, чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
"Дар ин замина мо ба таҳкими бештари ҳамоҳангии ниҳодҳои қудратӣ, хадамоти вижа ва дигар сохторҳои дахлдорро таъкид кардем", - афзуд Раҳмон.
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки натиҷаи музокирот ҳамкориҳои дуҷонибаро дар тамоми самтҳои зикршуда боз ҳам амиқтар хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 май дар Қазоқистон як сафари давлатӣ анҷом медиҳад.