https://sputnik.tj/20230504/imzoi-prezidentho-sanadi-tarikhi-rahmon-toqaev-1056889649.html
Зери имзои президентҳо: Дар санади таърихӣ Раҳмон ва Тоқаев ба чӣ таваҷҷуҳ карданд
Зери имзои президентҳо: Дар санади таърихӣ Раҳмон ва Тоқаев ба чӣ таваҷҷуҳ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз имзои санад аз ҷониби сарони кишварҳо матни пурраи санади дуҷонибаи ҳамкорӣ, ки аллакай барои ҳар ду кишвар таърихӣ унвон шудааст, расонаӣ шуд
2023-05-04T20:30+0500
2023-05-04T20:30+0500
2023-05-04T20:30+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
равобит
санад
имзо
таваҷҷуҳ
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056882491_0:100:1046:688_1920x0_80_0_0_12ac9ee6b0d2b473bfa88bd38ac7c56d.png
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар Қазоқистон санади таърихӣ – Эъломия дар бораи ҳамкории шарикӣ байни ду кишварро ба имзо расониданд.Тибқи матни интишоршуда, кишварҳо бо назардошти муқаррароти Шартнома дар бораи асосҳои муносибатҳо аз соли 1993 ва Шартномаи шарикии стратегии аз соли 2015, содиқ будани худро ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ ва меъёрҳои умумии эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ карданд.Дар санади мазкур ҳамкории таърихӣ, маънавӣ ва мадании мардумони ҳар ду кишвар қайд карда шудааст, ки он ба усулҳои дустӣ ва эҳтироми якдигар асос ёфтааст.Сарони Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бориа 25 банди шарикии минбаъдаро эълон карданд.Тибқи санади мазкур, ҷумҳуриҳо “ҳамкории шарикиро барқарор мекунанд”, ки он ба дараҷаи баландтар расондани равобитро дар назар дорад.Давлатҳо ҳамкориро дар асоси ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн ва баробарҳуқуқӣ бо максади мустаҳкам намудани истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии ҳудудӣ тақвият медиҳанд.Онҳо ҳамчунин "аз ҳама гуна амалҳое, ки ба шарикии стратегӣ зарар мерасонанд, худдорӣ хоҳанд кард".Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ иброз доштанд. Ба матн мавзуъҳои дахлдор ворид шудаанд:Президентҳо омодагии худро ба рушди ҳамкориҳои минтақаҳои кишварҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ изҳор намуданд.Мубодилаи таҷриба дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, аз чумла дар масъалаи ба ҳамдигар фиристодани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, коркард ва нигоҳ доштани маҳсулот ишора шудааст.Ҳамкорӣ дар заминаи инфрасохтори нақлиётӣ, омӯзиши кайҳон, рақамикунонии бахшҳои иқтисод низ ба роҳ монда мешавад.Ин технологияҳои иттилоотӣ, амнияти IT, зеҳни сунъиро дар бар мегирад."Яке аз омилҳои калидии шукуфоӣ ва рушди устувори Осиёи Марказӣ ин истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад", — омадааст дар эъломия.Тоҷикистон нақши муҳими Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро, ки ягона платформаи институтсионалии минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва экологӣ дар минтақа аст, тасдиқ кард.Қазоқистон ва Тоҷикистон ният доранд, ки дар заминаи сиёсати хориҷӣ, пешбурди манфиатҳои мутақобила ва ташаббусҳои ҳамкории минтақавӣ ба манзури таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ҳамкории зич дошта бошанд.Ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, СҶТ, ИДМ, СҲШ ва дигар сохторҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома хоҳанд ёфт.Сарони давлатҳо "барои таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир талош хоҳанд кард".Онхо инчунин ба нуқтаҳои Шартнома дар бораи минтақаи аз яроқи ядроӣ озод дар Осиёи Миёна, ки ҷузъи муҳими режими байналмилалӣ паҳн накардани яроқи ядроӣ мебошад, риоя кардани худро бори дигар тасдик намуданд.Ҳамчунин дар бахши фарҳанг, дин, маориф ва сайёҳӣ корҳои дуҷониба сурат хоҳанд гирифт.
https://sputnik.tj/20230504/rahmon-toqaev-tojikiston-davat-kard-1056888923.html
https://sputnik.tj/20230504/tojikistonu-qazoqiston-munosibathoi-bardori-barqaror-1056881206.html
https://sputnik.tj/20230504/rahmon-qazoqiston-shariki-boetimodi-strategii-tojikiston-1056878386.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056882491_0:0:926:694_1920x0_80_0_0_5c43e88a5527f9a4e176234dd50f4ee8.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, равобит, санад, имзо, таърихӣ
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, равобит, санад, имзо, таърихӣ
Зери имзои президентҳо: Дар санади таърихӣ Раҳмон ва Тоқаев ба чӣ таваҷҷуҳ карданд
Пас аз имзои санад аз ҷониби сарони кишварҳо матни пурраи санади дуҷонибаи ҳамкорӣ, ки аллакай барои ҳар ду кишвар таърихӣ унвон шудааст, расонаӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар Қазоқистон санади таърихӣ – Эъломия дар бораи ҳамкории шарикӣ байни ду кишварро ба имзо расониданд.
Тибқи матни интишоршуда, кишварҳо бо назардошти муқаррароти Шартнома дар бораи асосҳои муносибатҳо аз соли 1993 ва Шартномаи шарикии стратегии аз соли 2015, содиқ будани худро ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ ва меъёрҳои умумии эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ карданд.
Дар санади мазкур ҳамкории таърихӣ, маънавӣ ва мадании мардумони ҳар ду кишвар қайд карда шудааст, ки он ба усулҳои дустӣ ва эҳтироми якдигар асос ёфтааст.
Сарони Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бориа 25 банди шарикии минбаъдаро эълон карданд.
Тибқи санади мазкур, ҷумҳуриҳо “ҳамкории шарикиро барқарор мекунанд”, ки он ба дараҷаи баландтар расондани равобитро дар назар дорад.
Давлатҳо ҳамкориро дар асоси ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн ва баробарҳуқуқӣ бо максади мустаҳкам намудани истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии ҳудудӣ тақвият медиҳанд.
Онҳо ҳамчунин "аз ҳама гуна амалҳое, ки ба шарикии стратегӣ зарар мерасонанд, худдорӣ хоҳанд кард".
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ иброз доштанд. Ба матн мавзуъҳои дахлдор ворид шудаанд:
аҳамияти бунёд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ;
афзоиши ҳаҷми муомилоти моли байнихамдигарӣ;
инкишоф додани ҳамкории наздики корхонаҳои нефту газ ва химия, машинасозӣ, саноати маъдани кухӣ, хурокворӣ ва сабук.
Президентҳо омодагии худро ба рушди ҳамкориҳои минтақаҳои кишварҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ изҳор намуданд.
Мубодилаи таҷриба дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, аз чумла дар масъалаи ба ҳамдигар фиристодани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, коркард ва нигоҳ доштани маҳсулот ишора шудааст.
Ҳамкорӣ дар заминаи инфрасохтори нақлиётӣ, омӯзиши кайҳон, рақамикунонии бахшҳои иқтисод низ ба роҳ монда мешавад.
Ин технологияҳои иттилоотӣ, амнияти IT, зеҳни сунъиро дар бар мегирад.
"Яке аз омилҳои калидии шукуфоӣ ва рушди устувори Осиёи Марказӣ ин истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад", — омадааст дар эъломия.
Тоҷикистон нақши муҳими Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро, ки ягона платформаи институтсионалии минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва экологӣ дар минтақа аст, тасдиқ кард.
Қазоқистон ва Тоҷикистон ният доранд, ки дар заминаи сиёсати хориҷӣ, пешбурди манфиатҳои мутақобила ва ташаббусҳои ҳамкории минтақавӣ ба манзури таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ҳамкории зич дошта бошанд.
Ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, СҶТ, ИДМ, СҲШ ва дигар сохторҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома хоҳанд ёфт.
Сарони давлатҳо "барои таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир талош хоҳанд кард".
Онхо инчунин ба нуқтаҳои Шартнома дар бораи минтақаи аз яроқи ядроӣ озод дар Осиёи Миёна, ки ҷузъи муҳими режими байналмилалӣ паҳн накардани яроқи ядроӣ мебошад, риоя кардани худро бори дигар тасдик намуданд.
Ҳамчунин дар бахши фарҳанг, дин, маориф ва сайёҳӣ корҳои дуҷониба сурат хоҳанд гирифт.