Видео пешвози бошукуҳи Раҳмон дар Остона

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Остона бо қаравули фахрӣ шахсан Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев пешвоз гирифт
Президенти Қазоқистон раисҷумҳури Тоҷикистонро ба кишварашон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Эмомалӣ раҳмон ба Қосим-Ҷомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Раҳмон ба Қазоқистон сафар кард
Кишвардори Тоҷикистон дар дидор бо раҳбари Қазоқистон изҳори боварӣ кард, ки натиҷаҳои ин сафар, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва бастаи нави санадҳои ҳамкории имзошаванда барои таъмиқи муносибатҳои шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон заминаи навро фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистон сафар кард.
Раҳмонро дар фурудгоҳи Остона Тоқаев пешвоз гирифт
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0