Раҳмонро дар фурудгоҳи Остона Тоқаев пешвоз гирифт

Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев
Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Обуна шудан
Ба хотири кишвардори Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои ду кишвар ва аксҳои сарони Тоҷикистону Қазоқистон ороста шудааст
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Бар хабари манбаъ, кишвардори Тоҷикистонро дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев худи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пешвоз гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, ба хотири Раҳмон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон оро дода шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Раҳмон ба Қазоқистон сафар кард
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3 май сафари давлатӣ ба Остонаро оғоз кард. Ин сафар бо даъвати Тоқаев баргузор шуда, то 4 май идома хоҳад кард.
Зикр гардид, ки зимни сафари кишвардори Тоҷикистон бо ҳайати бузурги корӣ, нояндагони сохторҳои расмӣ, тоҷирони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусозӣ мулоқоту чорабиниҳо доир мекунанд, ки ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ нигаронида шудаанд.
Бояд гуфт, Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон буда, қисмати бештари воридоти орду гандум, гази моеъ ва бархе маҳсулоти дигари ниёзи аввал маҳз ба ин кишвар рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0