Раҳмон ба Қазоқистон сафар кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Обуна шудан
Котиботи президент хабар дод, ки роҳбари давлатро дар ин сафар гурӯҳи калони ҳайати расмӣ иборат аз ҳукуматдорон, соҳибкорон ва шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ меафзояд, президентро дар ин сафар гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон маълум шуд
Маврид ба зикр аст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистонро вазирони умурии хориҷии ҳар ду кишвар чанде пеш баррасӣ намуда буданд.
Зимнан, дар ҳошияи ин сафар дар шаҳри Остона Форуми соҳибкрони Тоҷикистону Қазоқистон низ сурат гирифта буд.
Бояд гуфт, Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон буда, қисмати бештари воридоти орду гандум, гази моеъ ва бархе маҳсулоти дигари ниёзи аввал маҳз ба ин кишвар рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0