https://sputnik.tj/20230502/emomali-rahmon-bo-rahbaroni-fifa-va-kfo-rushdi-futbol-dar-tojikistonro-barrasi-kard-1056809324.html
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ФИФА ва КФО рушди футбол дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ФИФА ва КФО рушди футбол дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо ба масоили такмили пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кӯдакону наврасон ва бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд
2023-05-02T10:30+0500
2023-05-02T10:30+0500
2023-05-02T10:48+0500
иқтисод
дар ҷаҳон
доллар
коршиносон
пешгӯӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/02/1056809629_0:160:3076:1890_1920x0_80_0_0_1c51a2ab7647b2e0bfb9f895024078ed.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантин ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф мулоқот кард.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар ин дидор дар Қасри миллат доир гардид.Ҳамзамон мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвар, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат ва ФФТ бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории ФФТ бо ФИФА ва КФО изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кўдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд.Президенти Тоҷикистон ба созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ барои дастгирии пайвастаашон изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо талоши бештар хоҳанд кард.Ҳамзамон сарвари давлат ба намояндагони футболи ҷаҳонӣ аз дастовардҳои кишвар барои бунёти майдону толорҳои варзишӣ ва барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа гузориш додааст.
https://sputnik.tj/20230502/prezidenti-fifa-safar-rasm-vorid-tojikiston-1056808546.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/02/1056809629_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d8f3bea7b94d8ebb1b20b54470f1d3bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон раҳбарон фифа кфо рушд футбол тоҷикистон баррасӣ
раҳмон раҳбарон фифа кфо рушд футбол тоҷикистон баррасӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ФИФА ва КФО рушди футбол дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
10:30 02.05.2023 (Навсозишуда: 10:48 02.05.2023) Ҷонибҳо ба масоили такмили пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кӯдакону наврасон ва бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантин ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф мулоқот кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар ин дидор дар Қасри миллат доир гардид.
“Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд”,- афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвар, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат ва ФФТ бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории ФФТ бо ФИФА ва КФО изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кўдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд.
Президенти Тоҷикистон ба созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ барои дастгирии пайвастаашон изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо талоши бештар хоҳанд кард.
Ҳамзамон сарвари давлат ба намояндагони футболи ҷаҳонӣ аз дастовардҳои кишвар барои бунёти майдону толорҳои варзишӣ ва барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа гузориш додааст.