Президенти ФИФА бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент ФИФА Джанни Инфантино
Президент ФИФА Джанни Инфантино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Раиси Федератсияи байналмилалии футбол бо раҳбарияти олии кишвар як қатор мулоқотҳои муҳим баргузор намуда, дар ҳаштумин Конгресси CAFA ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пойтахт сарвари футболи ҷаҳонро роҳбарияти ФФТ самимона истиқбол гирифтанд.
Дарҳол пас аз вуруд ба Инфантино аз нону намаки анъанавӣ ғизо доданд, ба ӯ ҷомаи зардӯзии миллӣ ва пиёла такдим карданд.
Нумон Хасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Нумон Ҳасанов, дастпарвари “Пахтакор”, сармураббии "Хуҷанд" шуд
Маълум аст, ки дар чаҳорчӯби сафари расмии худ ба Тоҷикистон раиси ФИФА як қатор музокироти муҳимро анҷом медиҳад.
Аз ҷумла, мулоқот бо раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин бо раҳбарияти Федератсияи футболи кишвар дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки онҳо дар бораи рушди минбаъдаи футбол дар кишвар гуфтугӯ хоҳанд кард.
Илова бар ин, раиси Федератсияи байналмилалии футбол дар конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе низ ширкат хоҳад кард.
Онҳо роҳбарияти CAFA-ро ба мӯҳлати нави чорсола интихоб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0