"Беҳбудӣ кай?": даромади зиёду алоқаи хароби ширкатҳои мобилӣ

© Sputnik / Максим БлиновЖенщина держит телефон в руках.
Женщина держит телефон в руках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавриди сифати алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ даҳҳо шикоятро ба мақомоти танзимкунандаи ин соҳа пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз афзойиши 50%-ии ширкатҳои мобилӣ хабар дода, дар бораи замони беҳбуди сифати алоқа гуфт.
Ин дар ҳолест, ки шикояти муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон як сол ба ин сӯ шабакаҳои иҷтимоиро пур кардааст.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар, Илҳомҷон Атоев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мушкил дар сифати алоқа воқеан вуҷуд дорад ва ниҳодаш даҳҳо шикоят аз муштариён дарёфт кардааст, аммо ширкатҳои мобилӣ ҷиддан дар пайи рафъи он ҳастанд.
“Аммо ин маворид низ вуҷуд доранд, ки дар бархе навоҳӣ ба ин далел, ки антенҳо ба саломатии одамон зиён доранд, аҳолӣ тақозо кард, то онҳо барчида шаванд. Масалан, дур намеравем, дар шаҳри Душанбе 18 пойгоҳро ширкатҳо маҷбуран канданд", - гуфт Атоев.
Мигрант ждет рейс в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Муштарӣ дар хатти алоқа бимонед: норозигии вакили тоҷик аз кори ширкатҳои мобилӣ бо аҳолӣ
Вай афзуд, чун алоқа хароб шуд, дигарбора муштариён тақозо карданд, то онҳоро барқарор кунанд.
"Як сектор кор накунад, тамбашавӣ дар трафик ба вуҷуд меояд ва тамоми зӯр сари сектори дигар меафтад, ки табъан сифати алоқа паст мешавад", - тавзеҳ дод мақомдор.
Тибқи иттилои ӯ, то охири соли равон ба хотири беҳбуд бахшидани алоқаи мобилӣ қарор аст дар саросари Тоҷикистон 450 пойгоҳи ҷадид насб шавад, ки дар пайи ин тақсим кардани трафик сода ва зарфияти пойгоҳҳо ё антенаҳо боло меравад.
"Тамоми ширкатҳои мобилӣ дар ин кор саҳим ҳастанд ва ҳоло корҳо ҷараён дорад. Ниҳоди мо ин равандро назорат мекунад", - гуфт муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Илҳомҷон Атоев гуфт, бино ба иттилои оморӣ, тайи се моҳи гузашта даромади ширкатҳои мобилӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, 50% афзудааст.
“Муштариамон низ дар қиёс бо семоҳаи соли гузашта афзудааст ва дар ҳоли афзудан аст”, - афзуд вай.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, даромади ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 700 млн сомониро ташкил мекард ва соли равон ин рақам ба беш аз 1 млрд сомонӣ расидааст.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Посухи раёсати Хадамоти алоқа дар парлумон: супориши президент дар бораи интернет чӣ шуд?
Ин дар ҳолест, ки муштариёни алоқаи мобилӣ ба таври муқаррар аз сифати алоқа ва сустии интернет шикоят мекунанд.
Дар аксари маворид шикояти онҳо аз ин аст, ки маблағ месупоранд, аммо хизматрасонии саҳеҳро дарёфт намекунанд. Дар Тоҷикистон 4 ширкати мобилӣ - Тисел (бо зерширкаташ “О мобайл”), МегаФон Тоҷикистон, Зед мобайл ва Вавилон-М фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0