Посухи раёсати Хадамоти алоқа дар парлумон: супориши президент дар бораи интернет чӣ шуд?

© Foto / Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонРаиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Обуна шудан
Вакили парлумони Тоҷикистон аз роҳбарияти Хадамоти алоқаи кишвар суол кард, ки барои иҷрои дастури президент барои таъмини интернети босуръат чӣ кор кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар се моҳи аввали сипаришудаи соли равон, барои баланд бардоштани суръати интернет, тибқи фармоиши сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, Бег Сабур ситод ташкил шуд.
Ин нуктаро муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳом Атоев ахиран дар посух ба суоли муовини аввали раиси парлумон, Маҳмадалӣ Ватанзода дар мавриди суръати интернет гуфт. Тафсилоти радубадалро дар ҷаласаи ахир, нашрияи парлумонии "Садои мардум" овардааст.
Ватанзода зикр намуд, ки президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон дастур дода буд, ки суръату сифати интернет боло бурда шавад.
Атоев дар ин маврид гуфт, дар қонуни ҷадид дар бораи алоқаи барқӣ, моддаи 14 таҳти унвони "Хизматрасонии интернет" ҷой дода шуд, ки таъмин намудани хизматрасониҳо, баланд бардоштани суръат ва сифати интернетро танзим мекунад.
Рейтинг скорости интернета в странах ЦА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
"Дар се моҳи аввали сипаришудаи соли равон, тибқи фармоиши сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва интернетпровайдерҳо ситод таъсис ва як қатор корҳо анҷом дода шудааст", - гуфт ӯ.
Ба иддаои Атоев, воридоти интернети баландсуръат ба кишвар ба 100 гигабайт дар сония расонда шуд, ки зарфияташ зиёд арзёбӣ мегардад. Инчунин, ширкатҳое, ки ба тақсими ин намуди алоқаи барқӣ машғуланд, бо иҷозатнома таъмин шудаанд, илова намуд ӯ.
Аз корҳои дигари анҷомёфта, зиёд кардани Марказҳои хизматрасонии харидуфурӯши симкортҳои алоқаи мобилӣ гуфта шуд.
"Барои баланд бардоштани суръати интернети мобилӣ якчанд нақша - чорабиниҳои кӯтоҳмуҳлату миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тартиб дода, дар семоҳаи аввал аз ҷониби ширкатҳо дастгоҳҳои нав ворид шудааст", - изҳор дошт ӯ.
Вай илова намуд, ки дар пойхтахт зиёда аз 42 дастгоҳи базавии типи нав насбу васл ва ба кор супорида шуда, зиёда аз 100 истгоҳи базавӣ аз нав таъмир гардида, корҳо дар ин самт идомад доранд.
Лентаи хабарҳо
0