https://sputnik.tj/20230423/mushtari-khatti-aloqa-norozigii-vakil-mobili-1056633561.html
Муштарӣ дар хатти алоқа бимонед: норозигии вакили тоҷик аз кори ширкатҳои мобилӣ бо аҳолӣ
Муштарӣ дар хатти алоқа бимонед: норозигии вакили тоҷик аз кори ширкатҳои мобилӣ бо аҳолӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон кори ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро мавриди интиқод қарор дод, ки на ҳамеша саривақт ба занги сокинон ҷавоб медиҳанд
2023-04-23T21:21+0500
2023-04-23T21:21+0500
2023-04-23T21:23+0500
дар тоҷикистон
алоқа
интернет
сифат
иҷтимоъ
вакил
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2861:1609_1920x0_80_0_0_39cff9801a779026f6830efb5f9ae2f9.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ҳангоми занг задан ба марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ вақти зиёд сарф мешавад, аммо бо оператор суҳбат накарда, алоқа қатъ мешавад. Ин нуктаро раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода зимни баррасии масъалаи алоқаю интернет дар парлумон баён дошт. Вакили мардумӣ бо зикри ин нукта аз ноиби сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби чунин ҳолатро пурсид, иттилоъ додаст нашрияи "Садои мардум". Атоев дар посух таъкид намуд, ки масъалаи робита бо марказҳои хизматрасонӣ бисёр муҳим аст. Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон ва ҷаласаи васеи ҳукумат вазифа гузошт, ки сифати алоқаю интернет дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад. Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.Инчунин дар пайи дастури роҳбари давлат Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон низ эълон дошт, ки ба чораандешӣ барои поин бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кардааст.
https://sputnik.tj/20230423/tashkil-dasturi-beg-sabur-khadamoti-aloqa-internet-1056629504.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_b1a8bd5bbe920a9f4c0e2747c491afc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғаффорзода абдуҳалим, кор, ширкат, мобилӣ, интернет
ғаффорзода абдуҳалим, кор, ширкат, мобилӣ, интернет
Муштарӣ дар хатти алоқа бимонед: норозигии вакили тоҷик аз кори ширкатҳои мобилӣ бо аҳолӣ
21:21 23.04.2023 (Навсозишуда: 21:23 23.04.2023) Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон кори ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро мавриди интиқод қарор дод, ки на ҳамеша саривақт ба занги сокинон ҷавоб медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ҳангоми занг задан ба марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ вақти зиёд сарф мешавад, аммо бо оператор суҳбат накарда, алоқа қатъ мешавад.
Ин нуктаро раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода зимни баррасии масъалаи алоқаю интернет дар парлумон баён дошт. Вакили мардумӣ бо зикри ин нукта аз ноиби сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби чунин ҳолатро пурсид, иттилоъ додаст нашрияи "Садои мардум".
Атоев дар посух таъкид намуд, ки масъалаи робита бо марказҳои хизматрасонӣ бисёр муҳим аст.
"Мо иловатан дар назди Хадамоти алоқа маркази боварӣ бо рақами 221009 таъсис додем. Ин масъаларо боз баррасӣ хоҳем кард", - ваъда дод мансабдор дар парлумон.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон ва ҷаласаи васеи ҳукумат вазифа гузошт, ки сифати алоқаю интернет дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад.
Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.
Инчунин дар пайи дастури роҳбари давлат Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон низ эълон дошт, ки ба чораандешӣ барои поин бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кардааст.