Cубҳи хунин: ҳалокати шаш тан дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

© Foto / Хадамоти матбуоти КҲФ ТоҷикистонДТП
ДТП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Обуна шудан
Сабаби садамаи мудҳиш нақлиётӣ ноуҳдбароии ронанда гуфта мешавад, ки сабаб гаштааст, то худрав ба дараи баланд сарозер шавад
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар масири Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ садамаи маргбор руз медиҳад, ки бар асари он шаш тан ба ҳалокат расид.
Ҳодиса бомдоди имрӯз 1 майи соли 2023, соати 04:10 ба вақти маҳаллӣ дар километри 154-уми масир, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Старекс" ҳангоми ҳаракат аз маркази вилояти Айнӣ ба самти шаҳри Панҷакент идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба дараи 200-метра сарозер шудааст.
КҲФ мегӯяд, бо дарёфти хабари садама наҷотдиҳандагонаш дар минтақаи Зарафшон фавран ба ҷойи ҳодиса расида, амалиёти наҷотро сар карданд.
"Наҷотдиҳандагон бо ёрии техникаи кӯҳӣ ба дара фуромада, бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади ронанда ва панҷ мусофирро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд",- афзудааст манбаъ.
Дар баробари фавтидагон, ҳамзамон се кӯдак ва як зан ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, ки ба бемористони ноҳиявӣ бурдаанд.
ДТП на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ 5 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракати роҳ, инчунин меъёри суръатро риоя кунанд.
Қаблан КҲФ дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб хабар дода буд. Мошин, ки аз Хуҷанд самти пойтахт ҳаракат мекард, бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 600метра сарозер шуд.
Дар натиҷаи садама ронанда ва як мусофир ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ду нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0