https://sputnik.tj/20230410/sadama-margbor-dushanbe-chanoq-kushta-zakhmi-1056355231.html
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ 5 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ 5 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати IRS иллати сар задани садамаи маргбори нақлиётиро ба хоб бурдани ронанда сари чанбараки мошин рабт дод 10.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-10T17:30+0500
2023-04-10T17:30+0500
2023-04-10T17:37+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0a/1056354708_0:170:1280:890_1920x0_80_0_0_b2a8f06cb85f48ad619a0f08eed85c93.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар километри 16-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ садамаи маргбор рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати IRS? ки нигоҳдории ин ҷоддаро ба уҳда дорад.Ба гуфтаи IRS, ронандаи мошини "Опел" сари чамбараки мошин хоб рафт, ки дар натиҷа мошин аз роҳ берун баромада, ба дарахт бархӯрд. Манбаъ меафзояд, бар асари бархӯрдани мошин ба дарахтяк нафар ба ҳалокат расида, чаҳор тани дигар ҷароҳат бардоштанд.Ширкат ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки дар роҳ, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон эҳтиёткор бошанд.Қаблан КҲФ дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб хабар дода буд. Мошин, ки аз Хуҷанд самти пойтахт ҳаракат мекард, бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 600метра сарозер шуд. Дар натиҷаи садама ронанда ва як мусофир ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол ёфтаанд."Мутаассифона, ду нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - гуфтанд дар кумита.
https://sputnik.tj/20230407/sadama-margbor-masir-dushanbe-khujand-qurboni-zakhmi-1056275947.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0a/1056354708_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_ce920a30a1d1fdde8f51492a528cc15d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ 5 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
17:30 10.04.2023 (Навсозишуда: 17:37 10.04.2023) Ширкати IRS иллати сар задани садамаи маргбори нақлиётиро ба хоб бурдани ронанда сари чанбараки мошин рабт дод
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар километри 16-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ садамаи маргбор рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати IRS? ки нигоҳдории ин ҷоддаро ба уҳда дорад.
Ба гуфтаи IRS, ронандаи мошини "Опел" сари чамбараки мошин хоб рафт, ки дар натиҷа мошин аз роҳ берун баромада, ба дарахт бархӯрд.
Манбаъ меафзояд, бар асари бархӯрдани мошин ба дарахтяк нафар ба ҳалокат расида, чаҳор тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ширкат ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки дар роҳ, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон эҳтиёткор бошанд.
Қаблан КҲФ дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб хабар дода буд. Мошин, ки аз Хуҷанд самти пойтахт ҳаракат мекард, бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 600метра сарозер шуд.
Дар натиҷаи садама ронанда ва як мусофир ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол ёфтаанд.
"Мутаассифона, ду нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - гуфтанд дар кумита.