https://sputnik.tj/20230501/rubl-dar-tojikiston-garon-shud-1056787334.html
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ, пас аз муддатҳо коҳишёбӣ билохира ҳафтаро бо болоравӣ оғоз кард. Вазъи евро ва доллар бошад, дар ҳоли коҳиш ёфтан аст
2023-05-01T09:00+0500
2023-05-01T09:00+0500
2023-05-01T09:00+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ пули русӣ якбора майли гаронӣ нишон дод. Он нисбат ба пули тоҷикӣ якбора 2,5 сомонӣ гарон шудТибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло дар бозори арзи кишвар 1000 рубл 137 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 133,5 сомонӣ арзиш дошт.Асъори русӣ коҳишёбии беистро аз оғози сол сар карда, ахиран ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расида буд.Аммо пули аврупоӣ, ки моҳҳои ахир боло мерафт, коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 11,9827 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 12,0508 сомонӣ барои як евро буд.Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ каме поин омадааст. Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9146 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9142 сомонӣ медиҳанд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9142 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9827 то 12.3000 сомонӣ ва 100 рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230430/intiqod-tund-dorotarin-bonkdor-osiyo-dollar-1056777167.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон рубл гарон
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд
Қурби рубли русӣ, пас аз муддатҳо коҳишёбӣ билохира ҳафтаро бо болоравӣ оғоз кард. Вазъи евро ва доллар бошад, дар ҳоли коҳиш ёфтан аст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ пули русӣ якбора майли гаронӣ нишон дод. Он нисбат ба пули тоҷикӣ якбора 2,5 сомонӣ гарон шуд
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло дар бозори арзи кишвар 1000 рубл 137 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 133,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори русӣ коҳишёбии беистро аз оғози сол сар карда, ахиран ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расида буд.
Аммо пули аврупоӣ, ки моҳҳои ахир боло мерафт, коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 11,9827 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 12,0508 сомонӣ барои як евро буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ каме поин омадааст. Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9146 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9142 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9142 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9827 то 12.3000 сомонӣ ва 100 рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.