https://sputnik.tj/20230430/mansabdoron-vmkb-mayli-javonishavi-dorand-1056780966.html
Мансабдорон дар ВМКБ майли ҷавонишавӣ доранд
Мансабдорон дар ВМКБ майли ҷавонишавӣ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Синни хизматчинёни давлатӣ, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба кор ҷалб шудаанд, ҷавонони то 35-соларо ташкил дода, сеякашон занон мебошанд
2023-04-30T19:30+0500
2023-04-30T19:30+0500
2023-04-30T20:36+0500
дар тоҷикистон
хизмат
кадр
вмкб
занон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40% хизматчинёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, аз қавли сардори шуъбаи ин ниҳод дар ВМКБ, Муслима Авзалшоева хабар дода, афзуд, ки синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ тамоюли ҷавоншавӣ дорад. Ба гуфтаи сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ, дар доираи татбиқи сиёсати гендерӣ саҳми занон дар идоракунии давлатӣ афзоиш ёфта, ба зиёда 33% расид. Таъкид шудааст, ки феълан дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мақоми роҳбарӣ 73 зан кор мекунанд.Афзалшоева мегӯяд, шаҳрвандон ҳуқуқи баробар дар идоракунии давлатӣ дошта, тайи солҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди президент, зиёда аз 90 кадри болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар он омӯзиш дидаанд. Дар байни хатмкунандагони Академия айни хол аз ҳисоби занон як нафар дар симати раиси ноҳия, як нафар муовини раиси ноҳия ва муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ кор мекунанд, илова намуд ӯ. Зикр гардид, ки аз 269 хизмачии синнашон ҷавон 14 нафар ҷавонписароне мебошанд, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба кор ҷалб шуданд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон мақсад гузошта шудааст, ки ба хизмати давлатӣ ҳарчи бештар ҷавонону занон ҷалб карда шаванд.
https://sputnik.tj/20230307/danghara-zan-rohbar-1055375527.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чанд, дарсад, ҷавон, мақомдор, вмкб, занон
чанд, дарсад, ҷавон, мақомдор, вмкб, занон
Мансабдорон дар ВМКБ майли ҷавонишавӣ доранд
19:30 30.04.2023 (Навсозишуда: 20:36 30.04.2023) Синни қариб нисфи хизматчиёни давлатӣ, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба кор ҷалб шудаанд, ҷавонони то 35-соларо ташкил дода, сеякашон занон мебошанд
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40% хизматчинёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.
Дар ин бора Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, аз қавли сардори шуъбаи ин ниҳод дар ВМКБ, Муслима Авзалшоева хабар дода, афзуд, ки синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ тамоюли ҷавоншавӣ дорад.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ, дар доираи татбиқи сиёсати гендерӣ саҳми занон дар идоракунии давлатӣ афзоиш ёфта, ба зиёда 33% расид.
Таъкид шудааст, ки феълан дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мақоми роҳбарӣ 73 зан кор мекунанд.
Афзалшоева мегӯяд, шаҳрвандон ҳуқуқи баробар дар идоракунии давлатӣ дошта, тайи солҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди президент, зиёда аз 90 кадри болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар он омӯзиш дидаанд.
Дар байни хатмкунандагони Академия айни хол аз ҳисоби занон як нафар дар симати раиси ноҳия, як нафар муовини раиси ноҳия ва муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ кор мекунанд, илова намуд ӯ.
Зикр гардид, ки аз 269 хизмачии синнашон ҷавон 14 нафар ҷавонписароне мебошанд, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба кор ҷалб шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон мақсад гузошта шудааст, ки ба хизмати давлатӣ ҳарчи бештар ҷавонону занон ҷалб карда шаванд.