Маълум шуд, дар Данғара чанд зани роҳбар аст

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонДевушки аплодируют президенту Таджикистана
Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
Обуна шудан
Бонувон дар ноҳияи Данғара дар соҳаҳои гуногун, аз маорифу фарҳанг то тиҷорат фаъолият мекунанд ва дар аксарияти корхонаҳо мақоми роҳбариро касб кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Данғара 200 зан дар мақомҳои гуногун роҳбарӣ мекунанд.
Дар ин бора, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Хайриддин зимни ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Модар маълумот дод, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки то аввали моҳи марти соли 2023 аз теъдоди умумии 87 217 нафар занон дар ноҳия 12 нафарашон хизматчиёни давлатӣ ҳастанд.
Ҳамчунин, дар 5 соли охир 51 духтар аз ноҳияи Данғара тибқи квотаи президентӣ соҳиби маълумоти олӣ гардидааст.
Тоҷикистон чанд "бизнес-леди" дорад?
Беш аз 1138 нафар занону духтарони ноҳияи Данғара касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози ноҳияамон нақши арзанда мегузоранд.
Бар асоси омори расмӣ ҳоло 25%-и хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20%-и кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.
Бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон хостори афзоиши занони роҳбар шуд: Чӣ қадар?
Таъкид мешавад, ки занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0