Консерти Толибхон Шаҳидӣ дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Тамошобинон дар пойтахти Тоҷикистон балети "Сюитаи устод"-ро бо мусиқии бастакори маъруф, ки бо услуби неоклассикӣ таҳия шудааст, тамошо карданд
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе мусиқии оҳангсози маъруфи тоҷик, Толибхон Шаҳидӣ садо дод.
Ба тамошобинон дар пойтахт, ки миёнашон хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ буд, балети "Сюитаи устод", ки бо услуби неоклассикй тартиб дода шудааст, пешниҳод гардид.
Барномаи хореографӣ таҳти навои эҷодкардаи оҳангсози тоҷик Толибхон Шаҳидӣ таҳия гардида буд.
Қисмати асосиро дар фортепиано иҷрокунандаи ҷавон Парасту Саодатова иҷро кард, баъдан худи Шаҳидӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ кард.
Мусиқии Шаҳидӣ дар консерваторияи Маскав садо дод - видео
Маврид ба зикр аст, ки Толибхон Шаҳидӣ аз хонаводаи маъруфи санъаткорон мебошад, ки соли 1946 таваллуд шудааст. Вай фарзанди оҳангсози маъруфи дигари тоҷик, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ буда, аз 14-солагӣ ба омӯзиши мусиқӣ шурӯъ кардаст.
Толибхон омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо хатм карда, баъдан ба таҳсил дар Консерваторияи Маскав оғоз кардааст. Баъди хатми консерватория дар соли 1972 фаъолияти эҷодии худро дар зодгоҳаш Душанбе оғоз мекунад.
Вай муаллифи асарҳои гуногуни симфонӣ буда, барои осораш барандаи ҷоизаҳои мухталифи байналмилалӣ шудааст.
Ӯ соли 1999 унвони ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро соҳиб шуда, инчунин дорандаи Ҷоизаи давлатӣ ба номи Рӯдакӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0