Мусиқии Шаҳидӣ дар толори калони консерваторияи Маскав садо дод - видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Оҳангҳои Толибхон Шаҳидӣ аз сӯи навозандаҳои ояндадори Русия дар яке аз толорҳои маъруфтарини Маскав пешниҳоди шунавандаҳо гардиданд
Дар толори алони консерваторияи ба номи П. И. Чайковский ҳунарнамоӣ таҳти унвони "Мактаби русии фортепианонаворзӣ: Устодон ва ояндаи мо" барпо гардид. Дар чорабинӣ асарҳои Рахманинов, Россини, Бах ва бастакори машҳури тоҷик, Толибхон Шахидӣ садо доданд.
Зимни консерт, ки аз ҷониби "Империяи мусиқӣ"-и Табрез Шаҳидӣ ва продюсер Эдуард Багиров ташкил гардид, пианинонавозони ҷавон - Дмитрий Маслеев, Ева Геворгян, Дмитрий Шишкин, Даниил Харитонов, Тимофей Владимиров, Валентин Малинин ҳунарнамоӣ карданд.
Навозанда Тимофей Владимиров, ки "Се этюди симфонӣ"-и Шаҳидиро ичро кард, гуфт, миёни мусиқии бастакорони давру замонҳои мухталиф ҳам муштаракоту ҳам фарқиятҳои хосе мавҷуд аст.

"Дар оҳангҳо фарҳанги миллии муаллиф, шароити зиндагӣ, вазъият ва дигар омилҳо эҳсос карда мешаванд. Ҳамзамон пайвандии дигари муштараке низ мавҷуд аст, ки берун аз замон, марзҳои миллӣ ва шароит аст", - гуфт ӯ.

Валентин Малинин аз балети "Марги судхӯр" се порчаро иҷро кард. Ба гуфтаи Малинин, бо мусиқии Толибхон Шаҳидӣ ва падараш, ӯ ва ҳамсолонашро омӯзгорашон дар Омӯзишгоҳи марказии мусиқӣ шунос карду онҳо низ дилбаста шуданд.
Чоршанбе сурудеро, ки ҳамагон аз ёд медонанд, бо услуби ҷадид сароид
Тарҳи "Мактаби русии фортепианонавозӣ. Устодон ва ояндаи мо" барои ошноӣ бо эҷодиёту ҳунари сарояндаҳои ҷавон, ҷустуҷӯи истеъдодҳои нав мусоидат намуда, барои амалӣ намудани орзуҳои эҷодии навозандагони шинохта низ имкони васеъ фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0