https://sputnik.tj/20230430/besh-hazor-zan-tojikiston-khizmatchii-davlati-1056780771.html
Беш аз 4,5 ҳазор зан дар Тоҷикистон хизматчии давлатиянд
Беш аз 4,5 ҳазор зан дар Тоҷикистон хизматчии давлатиянд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 нақша гирифта шудааст, ки шумораи занони хизматчии давлатӣ ба 30%-и шумораи умумӣ расонда шавад
2023-04-30T15:30+0500
2023-04-30T15:30+0500
2023-04-30T15:30+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
занон
агентӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102783/28/1027832851_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_fdd261c34332df2835bcc9e56527a43c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон ба зиёда аз 18,5 ҳазор нафар баробар мебошад. Дар ин бора Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз шумораи умумӣ беш аз 4,5 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Таъкид шудааст, ки бо мақсади таъмини баробарии гендерию боло бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои гуногун қабул шудаанд. Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз қабули санадҳои муҳим барои боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа гуфта, 2 санадро мисол овард. Ӯ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030-ро зикр намуд. Таъкид шуд, ки бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.Ба гуфтаи президент, занон дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.Агентии хизмати давлатӣ таъкид мекунад, ки дар масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
https://sputnik.tj/20230307/danghara-zan-rohbar-1055375527.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102783/28/1027832851_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_d09ec4f15708f9966736ca752776e35b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зан, хизматчӣ, давлатӣ, тоҷикистон, шумора, умумӣ
зан, хизматчӣ, давлатӣ, тоҷикистон, шумора, умумӣ
Беш аз 4,5 ҳазор зан дар Тоҷикистон хизматчии давлатиянд
Бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 нақша гирифта шудааст, ки шумораи занони хизматчии давлатӣ ба 30%-и шумораи умумӣ расонда шавад
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон ба зиёда аз 18,5 ҳазор нафар баробар мебошад.
Дар ин бора Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз шумораи умумӣ беш аз 4,5 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.
Таъкид шудааст, ки бо мақсади таъмини баробарии гендерию боло бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои гуногун қабул шудаанд.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз қабули санадҳои муҳим барои боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа гуфта, 2 санадро мисол овард.
Ӯ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030-ро зикр намуд.
Таъкид шуд, ки бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.
Ба гуфтаи президент, занон дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.
Агентии хизмати давлатӣ таъкид мекунад, ки дар масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.