https://sputnik.tj/20230408/bonki-milli-amontabonk-behtar-sifati-khizmatrasoni-moliyavi-1056320601.html
Бонки миллӣ “Амонтабонк”-ро ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии молиявӣ даъват кард
Бонки миллӣ “Амонтабонк”-ро ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии молиявӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк” Иҷозатномаи фаъолият дод
2023-04-08T16:05+0500
2023-04-08T16:05+0500
2023-04-08T20:15+0500
дар тоҷикистон
амонатбонк
иҷозатнома
молия
бонк
бонки миллӣ
хизматрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056320382_0:40:768:472_1920x0_80_0_0_feb8a4951eb702a5e38702b894597aab.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома дода шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин иқдом мутобиқи моддаи 42 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” анҷом дода шудааст.Баъд аз маросими супоридани иҷозтанома раиси Бонки миллӣ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ гуфтугӯ кард.Зимни мулоқот оқои Холиқзода таваҷҷуҳи раиси “Амонатбонк”-ро барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати хизматрасонии молиявӣ, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, зиёд намудани пешниҳоди қарз, бахусус дар минтақаҳои дурдасти кишвар ва ба ин васила саҳми назаррас гузоштан дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти кишвар ҷалб кард.Раиси Бонки миллӣ ба Сироҷиддин Икромӣ барои идомаи фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳо ҷиҳати таҳкими рушди низоми бонкии кишвар комёбиҳо орзу кард.Дар мулоқот раиси Бонки миллӣ омодагии худро барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамаҷониба изҳор кард.
https://sputnik.tj/20230331/fitch-ratings-nufuzi-baynalmilali-amonatbonk-kumak-1055885666.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056320382_43:0:726:512_1920x0_80_0_0_ef2b00ceec45c89b2abac066be3cc9ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллии тоҷикистон, хизматрасонӣ, молиявӣ, иҷозатнома, "амонатбонк"
тоҷикистон, бонки миллии тоҷикистон, хизматрасонӣ, молиявӣ, иҷозатнома, "амонатбонк"
Бонки миллӣ “Амонтабонк”-ро ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии молиявӣ даъват кард
16:05 08.04.2023 (Навсозишуда: 20:15 08.04.2023) Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк” Иҷозатномаи фаъолият дод
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом мутобиқи моддаи 42 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” анҷом дода шудааст.
Баъд аз маросими супоридани иҷозтанома раиси Бонки миллӣ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ гуфтугӯ кард.
Зимни мулоқот оқои Холиқзода таваҷҷуҳи раиси “Амонатбонк”-ро барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати хизматрасонии молиявӣ, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, зиёд намудани пешниҳоди қарз, бахусус дар минтақаҳои дурдасти кишвар ва ба ин васила саҳми назаррас гузоштан дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти кишвар ҷалб кард.
Раиси Бонки миллӣ ба Сироҷиддин Икромӣ барои идомаи фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳо ҷиҳати таҳкими рушди низоми бонкии кишвар комёбиҳо орзу кард.
Дар мулоқот раиси Бонки миллӣ омодагии худро барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамаҷониба изҳор кард.