Ғарб дарк намуда истодааст, ки барои чӣ вайро дӯст намедоранд

CC BY-SA 2.0 / Till Westermayer / EU flag blowing in the windПовреждённый флаг Евросоюза на палке
Повреждённый флаг Евросоюза на палке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
Обуна шудан
Кишварҳои рӯ ба тараққӣ имрӯз аз ҳад зиёд тез рушд доранд. Онҳо табақаи миёнаи худ, табақаи соҳибмаълумот ва ҷавонони донову зираку воқиф доранд.
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik, Виктория Никифорова. Яке аз хулосаҳои мобайнии амалиёти вижаи низомӣ ин аз даст додани Вашингтон ҳокимияти ҳаматарафаи худро шуд. Бале, Иёлоти Муттаҳида тавонист иттифоқчиҳои ғарбии худро шиппонаду сафарбар намояд, вале бо нархи хархашаҳои беохир, баҳс ва ихтилоф, ки ин ҳама пас аз часпида шуданашон ба Украина акси садо хоҳад дод.
Аммо, дар як вақт Вашингтон даҳҳо кишварҳои дигар, кишварҳои ғайри ғарбиро аз худ дур кард. Онҳо аз мадори таъсири амрикоӣ парида рафтанд ва бо тезӣ ҳар касе ҳар ҷое рафт – гегемони (ҳукмрон) пештараро ба пуррагӣ сарфи назар намуда. Гегемон ба атрофаш нигаристу дид, ки дар танҳоӣ мондааст.
Чин, ки гӯё бо ИМА бо риштаҳои иқтисодӣ сахту махкам пайванд буд, котиби давлатии ИМА Блинкенро намоишкорона “ба ҷойҳои дур фиристод”. Ҳиндустон, ки даҳсолаҳо ИМА парастишаш доштанд, ҳамаи даъватҳои ин давлатро барои шомили тарафдорони Украина шудан сарфи назар намуда истодааст.
Флаги России, ЕС, Франции и герб Ниццы на набережной Ниццы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
ВАО: Иттиҳодияи Аврупо бар ин назар аст, ки таҳримҳо алайҳи Русия тамом шудааст
Африқо - ҷое, ки амрикоиён чун дар хонаи худ хӯҷаинӣ мекарданд, ҳамкориҳои иқтисодиву низомиро бо Русия ривоҷ дорда истодааст. Арабистони Саудӣ, ки бо ин давлат амрикоиён ним аср боз муносибатҳояшонро месохтанд, кам намудани истихроҷи нафтро рад намуду ба долларзудоӣ дар содироти нафташ оғоз намудааст. Ва ҳатто кишварҳои Амрикои Лотинӣ, ки амрикоиҳо одат кардаанд, ки пуштибони онҳоянд, ба Кохи сафед дар бораи роҳ надодан ба афрӯхтани низоъ панду насиҳат мехонаду бо Чину Русия риштаҳои дӯстӣ мебандад.
Ва Туркия ҳам якбора манфиатҳои худро ёфт. Ва Нигерия ҳам. Бразилияву Индонезия ҳам. Ва ин давлатҳо рағбати ИМА-ро бобати бо ҳам задани Украинаву Русия ва нобудсозии аввалӣ дастгирӣ наменамоянд. Вазъияти баамаломада бемисл аст. Ҷаҳони бисёрқутба бо намоми назокаташ.
Ҳол он, ки ИМА чун пештара кишвари басо дорост. Артиши якум дар ҷаҳон ҳеҷ куҷо гум нашудааст. Киштиҳои тайёрабар низ дар ҷояшон. Ва ҷаноби Блинкен бо ҳуқуқҳояш нисбати ҳамҷинсгароён. Аммо ин ҳама ба якборагӣ ба кор наомад. Охир барои чӣ сиёсати амрикоӣ дар сабки “зулм намову ҳукмрони кун” шикаст хӯрд?
Аз як тараф, роҳбарони давлатҳои дунё ба театри амалиёти низомии русиягиву украинӣ нигаристанд ва дар он ҷо пеш аз ҳама ҳамлаи рӯирости Вашингтон ба Русияро диданд. Агар дар навбат ин дафъа ман бошам-чӣ? - андеша меронад ҳар яке аз онҳо. Аз тарафи дигар, бомуваффақият кӯфтани захираҳои Ғарб аз ҷониби Маскав умеди ҳамаро дар дилаш зинда мекунад.
Деньги на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2023
Комиссияи Аврупо барои "озодию демократия" дар Тоҷикистон миллионҳо евро медиҳад
Русия бардамона ба фишори низомӣ, иқтисодӣ муқобил истодааст ва сухани худро гуфтаву нақшаҳои хешро пеш бурда истодааст. О, ин хел мумкин будааст-ку? - ба фикр фурӯ рафтанд роҳбарони давлатҳо дар тамоми дунё. Аз ин мебарояд, ки Иёлоти Муттаҳида он қадар ҳам пуриқтидор нест, чуноне, ки кӯшиш мекарданд худро нишон диҳанд? Ва ин ҳама таҳдидҳо, мумкин аст гапи хушку холӣ бошад? Ана ин ҷо тантанаи итоат накардан оғоз гардид.
Як сол ҳам нагузаштааст ва амрикоиҳо фаҳмида истодаанд, ки чӣ гуна ба таври беҷило ҷудо монданд. Вартаи байни Ғарб ва ҷаҳони боқимонда боз ҳам чуқуртар мешавад, тезтар аз фаҳмиши гунногуни ҷанги Украина. Сабаби ин – ранҷиши ҷиддӣ ва ғазабашон ба ҷаҳонишавӣ, ки аз замони ҷанги сард чамъ шудааст,” - мегуяд бо алам собиқ вазири корҳои хориҷаи Британия Дэвид Миллибэнд дар мақолаи худ дар нашрияи Foreign Affairs.
Агар бо ибораи русӣ гӯем, ИМА ва якчанд хизматгорони онҳо давлатҳои сартосари Ҷанубро тӯли сӣ соли гузашта бехудона ғорат мекарданд.
Рerestroika ё худ бозсози иқтисоди ҷвҳонӣ маънои даври навбатии ин ғоратгариро дошт. Табиист, ки давлатҳои дунё аз ин ба шӯр омаданд.
Ҷаноби Миллибэнд эътироф менамояд, ки ин ошӯби сартосарӣ хатари рӯфта бурдани “тартиботи дар асоси қоидаҳо ҷоришуда“-и амрикоиро дорад - бахусус дар кишварҳое, ки Русияро дастгирӣ доранд ва ё худ мавқеи бетарафиро соҳибанд ва дар ин кишварҳо аз се ду ҳиссаи аҳолии Замин зиндагӣ мекунад.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Танҳо пирӯзии Русия ба Аврупо суботро бармегардонад
Бо ин ҳама чӣ кор бояд кард? Чӣ гуна ҳукмронии (гегемония) амрикоиро нигоҳ дошт? Миллибэнд ба ИМА маслиҳат медиҳад – ин таъиноти мақолааш низ ҳаст – пулҳои бештарро ба давлатҳои сартосари Ҷануб резанд ва дар СММ ислоҳот гузаронанд - ин даврзании дӯстдоштаи бритониёгиҳо дар хусуси аз нав шакл додани Шӯрои Амният бо мақсади паст намудани таъсири Русия мебошад.
Аммо ИМА ин қадар пуле надоранд, ки кишварҳои рӯ ба тараққиро дар таъминашон нигоҳ доранд - ҳатто агар тамоми маблағҳои хайрия раҳораҳ дуздидаву ба яғмо бурда нашаванд.
Ба ҷои ин, онҳо метавонистанд аз холати монополии худ даст кашанд, аммо аллакай ин чизи барояшон мукаддас аст. Бо некӣ ҳеҷ кас аз баҳри чунин монополия намебарояд. Хуллас, ҳамаи муҳокимарониҳо дар бораи "якдилии иқтисодӣ" ба маънои томаш –гуфтугузор бар нафъи камбағалон аст.
Боз дар ҳоле, ки “ранҷишу ғазаб”-и сартосари Ҷануб фақат қисман сабабҳои иқтисодӣ дорад. Англосаксҳо (Британияи Кабир, ИМА, Канада (ҷуз Квебек), Австралия, Зеландияи Нав), аз истилову куштор ҳазар накарда, нафақат дигар кишварҳоро ғорат менамоянд. Онҳо боз бо дурӯягии тоқатнопазир ба кишварҳои ғорат намуда истодаашон меомӯзонанд, ки чӣ гуна дуруст бояд рафтор кунанд, чӣ гӯянду дар бораи чӣ фикр кунанд.
Люди в лагере нелегальных мигрантов из Афганистана на белорусско-польской границе возле деревни Уснар-Дольное - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Атбои афғонистонӣ дар рутбаи дувуми муҳоҷират ба Аврупо
Кишварҳои рӯ ба тараққӣ имрӯз аз ҳад зиёд тез рушд доранд. Онҳо табақаи миёнаи худ, табақаи соҳибмаълумот ва ҷавонони донову зираку воқиф доранд. Ба ин инсонҳо, ки аз амрикоиву британигиҳои қаторӣ ҳеҷ тавофуте надоранд, пеш аз ҳама савлатдӯстии ғарбӣ нафратовар аст.
Нафратовар аст, ки ин “ҳалкунандагони тақдир” дағалона ба ҳаёти шахсии инсон, ба дину имонаш, ба фарҳагаш мудохила доранд. Худ аз худ ин нафтарангез аст, лекин боз тарғиботи каҷрафторӣ, ғалатфаҳмонӣ ва ҳамҷинсгароӣ сар шавад, пас ҳама аз ҷой бармехезанду мераванд: ”Таетр руст мешавад, ҳамаи мо аз шумо дилбеҳузурем.”
Аммо ба Миллибэнд инро фаҳмонида намешавад. Гумон аст, ки собиқ вазири британиягӣ дарк намояд, ки аз канор чӣ гуна менамояд. Ҳамаи давлатҳоеро, ки зери хабарномаи худкушонаи англосаксонӣ имзо намегузоранд, онҳо fence-sitters меноманд. Дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ – “болои ду девор нишастагон.” Дар тарҷумаи дурусташ – “гӯсолае, ки ду модаговро мемакад.”
Ва бо чунин сабки таҳқиромез мубоҳиса атрофи Foreign Affairs, яъне корҳои хориҷа - мечархад. Миллибэнд ҳарифони “ду гов мемакидаашро” коҳиш менамояд. Рақибаш - сиёсатшиноси бразилиягӣ Матиас Спектор - аз ӯ пуштибонӣ дорад. Гӯё онҳо гуноҳ надошта бошанд, ва фақат мекӯшида бошанд, ки дар набарди абарқудратҳо саломат монанд.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Иттиҳодияи Аврупо ду мақоми гурӯҳи толибонро таҳрим кард
Лекин, узр, ин ҳама – миллиардҳо одамон, ин кишварҳое, ки дар замони ба вуҷуд омаданашон на Амрико ва на Англия умуман вуҷуд надоштанд. Он ҷо, шояд, худашон қарор қабул карда метавонанд, ва месазад, ки Ғарб ба қарорҳои эшон хоксорона гӯш диҳад.
Не ки не, аз ҷониби шахсиятҳои ғарб фақат таҳқир меборад. Таҳти ин хори баробаровоз яхкӯҳи шиновар бо номи Ғарб ҳарчӣ бештар ба тарафи Ҳеҷи Муаззам шино дорад.
Лентаи хабарҳо
0