Насиҳат ва туҳфаҳои президент ба кормандони амният дар Хатлон

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонРаисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти амният ва хонаводаҳояшон дар Леваканд
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти амният ва хонаводаҳояшон дар Леваканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба ҷануби Тоҷикистон бо шароити кори масъулини мақомоти амнияти миллии ҷумҳурӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар шаҳри Леваканд бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Маросими ифтитоҳ бо иштироки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони мақомот бунёд гардидааст, омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кор шинос шуда, кормандони мақомотро барои анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат даъват кардаст.
Рахмон и Рустам Эмомали открыли новую Гимназию Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Раҳмон бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард
Инчунин президент ба чанде аз кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 автомашинаи махсуси хизматӣ тақдим намудаст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон илова намуд, ки бо ифтитоҳи шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант барои кормандон шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Лентаи хабарҳо
0