ВУХ-и Чин таъкид кард, Пекин ба истиқлолияи тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ эҳтиром дорад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Шанхай
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Чин дар пайи суханони ахири сафираш дар Фаронса Лу Шаэ гуфт, ки Пекин ба истиқлолияти кишварҳои шӯравии собиқ эҳтиром мегузорад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Пекин гуфт, соҳибихтиёрии тамоми кишварҳое, ки қаблан дар хайати Иттифоки Шӯравӣ шомил буданд, эҳтиром мегузорад.
Дар ин бора намояндаи расмии вазорати корхои хоричии Чин Мао Нин дар пайи суханони сафири ин кишвар дар Фаронса Лу Шаэро, ки дар бораи Қрим ва соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравиро изҳори назар карда буд.
"Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Чин яке аз аввалин кишварҳоест, ки бо тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард", - гуфт ӯ.
Вай гуфт, аз замони барқарории равобити дипломатӣ, Пекин ҳамеша принсипҳои “эҳтироми мутақобила ва баробарҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ”-ро риоя мекард.
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Амрико мехоҳад бо Русия ва Чин суботи стратегиро баррасӣ намояд
“Чин соҳибихтиёрии тамоми собиқ ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ эхтиром мекунад”, гуфт Мао Нин.
Дипломат қайд кард, ки Пекин истиқлолият ва тамомияти арзии ҳамаи давлатҳоро эҳтиром мекунад ва ҳадафу принсипҳои Оинномаи СММ-ро ҷонибдорӣ мекунад.
Дар навбати худ, вай ҳамчунин таъкид кард, ки як қатор расонаҳо мавқеъи Чинро дар масъалаи Украина нодуруст шарҳ дода, миёни Пекин ва дигар кишварҳо ихтилоф мепошанд.
Вай итминон дод, ки Чин омода аст ҳамкориро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ идома диҳад.
Вай ёдовар шуд, ки қаблан сафири Чин дар Фаронса Лу Шае дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии LCI гуфта буд, ки Қрим "аслан Русия буд ва баъд дар замони Хрушев онро ба Украина дод". Дипломат гуфт, ки америкоиён ба бас кардани низоъ дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ манфиатдор нестанд.
Лентаи хабарҳо
0