Сафари президент ба Хатлон ва шиносоӣ бо роҳсозӣ

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВизит Эмомали Рахмона в ГБАО
Визит Эмомали Рахмона в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои ободонӣ дар ҷануби кишвар шинос мешавад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Роҳбари Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо таҷдиди роҳи Қизил-қалъа - Бохтар, ки идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар мебошад, шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дарозии роҳи таҷдидшаванда беш аз 9 км-ро медиҳад.
Зикр гардид, ки дар доираи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, васеъкунии роҳ дар чор хати ҳаракат ба нақша гирифта шудааст.
Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур бештар аз 22 моҳро ташкил медиҳад, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шуд, ки сохтмончиён роҳро бо харҷи қариб 32 млн доллар бо талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
На строительстве трассы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Дар се моҳ 100 километр роҳҳои Хатлон таъмир шуданд
Паҳноии роҳ аз 24 то 26,5 метрро ташкил дода, бунёди якчанд пул, гузаргоҳу роҳравҳои алоҳида барои пиёдагардон, хобондани қубурҳои қутрашон гуногун ба анҷом расонида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ҳукумат бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Дар таҷдиду бунёди роҳи мазкур 19 нафар мутахассисони хориҷӣ ва 379 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолият доранд.
Манбаъ афзуд, дар қитъаи Қизил-қалъа - Кӯшониён - Бохтар, ки беш аз 9 км аст, 2 пул, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, 18 ҳазор метри мураббаъ роҳи пиёдагард ва гузоштани аломатҳои ишоравии ҳаракати роҳ дар қитъаҳои гуногуни он ба иҷро расонида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0