https://sputnik.tj/20230420/kilometr-roh-khatlon-tamir-shudand-1056585358.html
Дар се моҳ 100 километр роҳҳои Хатлон таъмир шуданд
Дар се моҳ 100 километр роҳҳои Хатлон таъмир шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар вилояти Хатлон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд
2023-04-20T21:05+0500
2023-04-20T21:05+0500
2023-04-20T21:05+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
таъмир
таъмири роҳ
хатлон
бохтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_0:80:3072:1808_1920x0_80_0_0_c0aa438ff97e0800c4d85b69b152371f.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.Вай гуфт, ки ба ҷуз ин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиёти 153 аломати роҳ насб карда шудаст.Ба иттилои Нусратулло Ҳақназаров барои таъмири роҳу пулҳо дар мувозинаи Муассисаи давлатии “Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” ва идораҳои зертобеъи он 113 адад техникаи роҳдорӣ мавҷуд аст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар ноҳияи Кӯшониён бештар аз 178 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуданд, ки 60 дарсади онҳо ба таъмир ниёз доранд.Мақомот афзуд, ки дар баробари роҳ ҳамчунин 40 адад пулҳои мошингузар низ бояд таъмир шаванд. Ҷамъан дар ин ноҳия 80 пули мошингузар мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20230412/kushoniyon-roh-tamirtalab-1056390410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_1ddd56547165f3be52ddd192bc9ad93e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, хатлон, таъмир, пул, пули мошингузар, маблағ, ҷудо, мақомот
тоҷикистон, роҳ, хатлон, таъмир, пул, пули мошингузар, маблағ, ҷудо, мақомот
Дар се моҳ 100 километр роҳҳои Хатлон таъмир шуданд
Мақомот барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар вилояти Хатлон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.
Вай гуфт, ки ба ҷуз ин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиёти 153 аломати роҳ насб карда шудаст.
Ба иттилои Нусратулло Ҳақназаров барои таъмири роҳу пулҳо дар мувозинаи Муассисаи давлатии “Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” ва идораҳои зертобеъи он 113 адад техникаи роҳдорӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар ноҳияи Кӯшониён бештар аз 178 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуданд, ки 60 дарсади онҳо ба таъмир ниёз доранд.
Мақомот афзуд, ки дар баробари роҳ ҳамчунин 40 адад пулҳои мошингузар низ бояд таъмир шаванд. Ҷамъан дар ин ноҳия 80 пули мошингузар мавҷуд аст.